Писари Абдуфаттоҳи Ғоиб — сардори Раёсати ВКД шуд
Шоҳрух Саидзода, писари Абдуфаттоҳи Ғоиб – раиси Хадамоти гумрук – иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати кофтукоби ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таъин шудааст. Дар Вазорати корҳои дохилӣ гуфтанд, ки ин тағйирот охири моҳи апрели имсол сурат гирифта, Шоҳрух дар ин мақом Набиҷон Исозодаро иваз кард. Ин тағйирот тоза дар вебсайти расмии вазорат ҷой дода шуд.
Исозода феълан сардори Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Қӯрғонтеппа аст. Шоҳрух Саидзода дар гузашта дар мақоми муовини сардори Раёсати кофтукоби ҷиноятии ВКД кор мекард.
Ин писари Абдуфаттоҳи Ғоиб, ки рутбаи майори милисаро дорад, 31-сола буда, аз соли 2012 боз дар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ кор мекунад. Вай маълумоти олии иқтисодӣ ва ҳуқуқшиносӣ дошта, феълан муҳассили факултаи рақами аввали Академияи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон барои ҳайати роҳбарикунанда аст.
Бино ба иттилои вебсайти Вазоарти корҳои дохилии Тоҷикистон Шоҳрух Саидзода бо нишони сарисинагии “Корманди беҳтарини оперативӣ” сарфароз шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ