Писари бадмаст модарашро кушт
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи сокини кӯчаи С.Шерозии шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 29-уми сентябри соли 2018, тахминан соати 19:20-дақиқа, ҳангоми дар хонаи истиқоматиашон дар ҳолати мастӣ қарор доштанаш, аз сабаби ба миён омадани муноқишаи оилавӣ бо модараш, зани 62-сола, ҷангу ҷанҷол карда, бо корди ошхонагии дар дасташ буда, як маротиба ба шикам ва як маротибаи дигар ба гардани модараш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Далели шайъӣ 1-адад корд гирифта шуда, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ