Писари Бег Сабур медали тилло овард

Аз 29 октябр то 2 ноябр дар шаҳри Новосибирски Русия Мусобиқаи XVIII кушоди умумирусиягӣ оид ба бокс ба хотираи устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ Дмитрий Панов баргузор шуд.

Дар ин мусобиқаи мазкур 130 варзишгар аз 14 минтақаи Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ рақобат карданд.

Дар вазни ҷамъи  91кг варзишгари тоҷик Сиёвуш Зуҳуров бо нишон додани бартарии бештар нисбат ба рақибон медали тиллои мусобиқаро ба гардан овехт.

Сиёвуш Зуҳуров ду маротиба дар ин мусобиқа иштирок ва ду дафъа зинаи дуюмро ишғол карда буд.

Сиёвуш Зуҳуров писари сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Бег Сабур мебошад. Муштзани 25-сола акнун ба мусобиқаҳои байналмилалии Истамбул омодагӣ мегирад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *