Писари бин Лодан кушта шуд
Доналд Трамп, президенти Амрико, марги Ҳамза бин Лодин, писари Усома бин Лодин, раҳбари пешини созмони террористии “Ал-Қоида”-ро тасдиқ кард.
Ӯ гуфт, писари Усома бин Лодин дар як амалиёти низомӣ дар марзи миёни Афғонистону Покистон кушта шудааст.
Президенти Амрико дар баёнияе, ки рӯзи 14-уми сентябр онро Кохи Сафед нашр кард, кушта шудани Ҳамза бин Лодинро зарбаи сахт ба “Ал-Қоида” номид.
Аз ин пеш, рӯзи 31-уми июл матбуоти амрикоӣ бо такя ба манобеи худ дар Кохи Сафед аз кушта шудани писари поягузори шабакаи террористии «Ал-Қоида» хабар дода буданд.
Трамп он замон хабари марги Ҳамза бин Лодинро рад ва ё тасдиқ накарда, ба суоли хабарнигорон дар ин бора посух надода буд.
Ба навиштаи пажуҳишгоҳи амрикоии Брукингс, Ҳамза бин Лодин тахминан 30-сола буда, қабл аз ҳамлаҳои 11-уми сентябри соли 2001, дар Афғонистон будааст. Баъд аз оғози амалиёти эътилофи байналмилалии зери раҳбарии Амрико, Ҳамза муддате дар канори падараш дар Покистон ба сар бурдааст.
Ба қавли хабарнигори Рейтерс, моҳи майи соли 2011-ум, вақте нерӯҳои ИМА Усома бин Лодинро дар Покистон ба қатл расониданд, Ҳамза дар ҳабси хонагӣ дар Эрон қарор дошт. Бар пояи асноде, ки аз манзили Усома бин Лодин ёфт шуд, ёварони раҳбари пешини шабакаи даҳшатафкан саъй кардаанд, Ҳамза ва Усома бин Лодинро ба ҳам оранд.
Соли 2017 Департаменти давлатии Амрико Ҳамза бин Лодинро дар рӯйхати саросарии террористон шомил намуд. Зеро Ҳамза ба амалҳои террористӣ дар кишварҳои ғарбӣ даъват намуда, таҳдид карда буд, ки аз Амрико барои куштори падараш қассос хоҳад гирифт.
Департаменти давлатии Амрико Ҳамзаро раҳбари калидии Ал-Қоида унвон дода, барои маълумот дар бораи макони будубоши ӯ як миллион доллар ҷоиза ваъда дод. Вазорати умури хориҷии Амрико гуфта буд, Ҳамза бин Лодин «дар ҳоли пайдо кардани ҷойгоҳи раҳбарӣ» дар гурӯҳи Ал-Қоида буд. Созмони истихбороти марказии Амрико гуфта буд, ки аз қабл Ҳамза бин Лодин барои раҳбарии «Ал-Қоида» дар назар гирифта шуда буд.
Моҳи марти имсол Арабистони Саудӣ хабар дод, ки моҳи ноябри соли 2018 бо амри подшоҳ Ҳамза бин Лодин аз шаҳрвандии ин кишвар маҳрум шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ