Писари Карим Абдулов чил рӯз пеш боздошт шуда будааст

Ҷамшед Абдулов, молики ширкати “Олими Каримзод” ва корхонаи нассоҷии “Олим текстайлз” дар ноҳияи Мастчоҳ, ки яке аз олигархҳои тоҷик гуфта мешавад, бо иттиҳоми бозпас надодани 15 миллион доллар қарзаш аз “Тоҷпромбонк” боздошт шудааст. 

Ин хабарро рӯзи 11-уми декабр се манбаи мустақил тасдиқ кардаанд. Дар ҳоле ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳанӯз хабарро шарҳ намедиҳанд, манобеи огоҳ аз ҳодиса гуфтанд, ки боздошти Абдулов чиҳил рӯз пеш аз тарафи маъмурони додситонӣ сурат гирифт. Феълан ӯ дар боздоштгоҳе дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешавад. Ҷамшед Абдулов қаблан аз “Тоҷиксодротбонк” низ 4 миллион доллар қарздор буд ва дар ҷараёни чиҳил рӯзи дар боздошт будан ин миқдор пулро бозпас додааст. Вале ҳанӯз қарзаш аз “Тоҷпромбонк” побарҷост.Як манбаъ дар “Тоҷпромбонк”, ки бо қарори Бонки миллӣ муҷаввизаш бозхонд шуда, ҷараёни барҳамхӯриаш идома дорад, гуфтааст,ки  пас аз шикояти гуруҳи амонатдорони бонк дар назди Давлаталӣ Саид – муовини сарвазир – Ҷамшед Абдулов боздошт шудааст.“Амонатдорон рӯзи 7-уми сентябр дар назди Давлаталӣ Саид шикоят карданд, ки чанд қарздори калон, аз ҷумла Ҷамшед Абдулов 15 миллион доллар қарзи бонкро бознагардондааст ва амонатдорони бонк наметавонанд пулҳояшонро бозпас бигиранд. Саидов дар ҳузури амонатгузорон ба мақомоти қудратӣ дастур дод, ки қарздорон ё қарзро баргардонанд ё дар назди қонун ҷавоб гӯянд”, — афзуд ин ҳамсуҳбати мо.“Олими Каримзод” яке аз ширкатҳои бузурги содироти нахи пахта аз Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. То соли 2009 “Олими Каримзод” ширкати фючеристӣ ба ҳисоб мерафт, ки бо сармоягузории хоҷагиҳои пахтакор машғул буд. Корхонаи нассоҷии “Олим текстайлз” дар Суғд муддатҳои зиёд аз камбуди ашёи хоми нахи пахта бекор монда буд.Ҷамшед Абдулов, писари Карим Абдулов, профессор, доктори илми таърих ва собиқ раҳбари дафтари раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар замони президентии Раҳмон Набиев аст. Ӯ соҳиби чаҳор фарзанд буда, ба иттилои манобеъ, феълан хонаводааш дар Дубай ҳастанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *