Писари Қобилҷони Зариф аз рӯи клип занашро талоқ дод?
Чанде пеш сарояндаи ҷавону умедбахш Комилҷони Зариф клипи навашро бо унвони “Духтари масчоҳӣ” пешкаши мухлисон гардонд.
Дар ин клип нақши духтари масчоҳиро модели машҳур Фотима Мирзохонова бозидааст. Баъди пайдо шудани ин навор дар интернет овозаи гӯшхароше паҳн гашт, ки писари Қобилҷони Зариф аз рӯйи ҳамин клип хонавайрон шудааст. Ҳангоматалабон мегӯянд занаш Комилҷонро ба Фотима рашк карда, аз хона баромада рафтааст. Барои фаҳмидани ҳақиқати ҳол мо ба ин сарояндаи ҷавон занг задем. Комилҷон чунин гуфт:
-Ман аз ин овозаҳо воқифам ва ба касоне, ки чунин хабарҳои пурҳангомаро паҳн мекунанд, гуфтаниям, ки ману Фотима дӯсти наздикем, на зану шавҳар ё ошиқу маъшуқа. Фотима на танҳо дар «Духтари масчоҳӣ”, балки дар ду клипи дигари ман низ нақш бозидааст, ки якеаш «Оғӯш гир» ва дигараш «Алла» ном дорад. Фотима Мирзохонова модели шинохта аст, аз ҳамин сабаб, душманон чунин овоза паҳн карда, обрӯи ҳардуи моро резондан мехоҳанд.
—Падаратон, ҳамсаратон ва худи Фотима аз шунидани ин овозаҳо озурдахотир нагаштанд?
-Падарам, ки худашон санъаткор ҳастанд, хуб медонанд, ки дар ҳаёти ҳунармандон чунин овозаю ҳангомаҳо тез-тез рӯй медиҳанд, чунки санъат бе душманӣ намешавад. Муҳимаш он аст, ки Фотима маро дарк мекунад ва нисбатам эҳтиром дорад. Ман Фотимаро дӯсти беҳтарини худ мешуморам ва сахт ҳурмату эҳтиром мекунам.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ