Писари президент бо президенти Тотористон мулоқот кард

Сардор Бердимуҳаммадов, писари президенти Туркманистон 19 май дар рафти сафараш ба Қазон бо президенти Тотористон Рустам Миннихонов мулоқот кард.
Бердимуҳаммадови хурдӣ, ки раисии кумитаи қонунгузорӣ ва меъёрҳои порлумони Туркманистонро бар уҳда дорад, ҳамзамон бо раиси порлумони Тотористон мулоқот карда, дар Нуҳумин форуми иқтисодии байналхалқии «Русия-ҷаҳони ислом: KazanSummit-2017» ва анҷумани мусалмонҳо ширкат кард.

Дидору гуфтугӯҳои Бердимуҳаммади хурдӣ бо роҳбарияти Тотористон дар расонаҳои Туркманистон ба таври густарда инъикос шуд.

Сардор Бердимуҳаммадов ду моҳ пеш раиси кумитаи қонунгузорӣ интихоб гардид. Вай то ин замон ҳамагӣ се моҳ вакили порлумон буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *