Писари президент мансаби нав гирифт
Матбуоти расмии Туркманистон 2 январ хабар дод, ки Сардор Бердимуҳаммадов — писари президенти ин кишвар — муовини раиси вилояти Ахал таъйин шудааст.
Дар ҳамин ҳол Сардор Бердимуҳаммадов аз мансаби муовинии вазири корҳои хориҷӣ озод шудааст.
Бердимуҳаммадови хурдӣ моҳи марти соли 2018 дар мақоми муовини вазири корҳои хориҷӣ таъйин шуда буд. Ҳамзамон вай дар интихоботи 25 марти соли гузашта бо касби 91,42 дарсади раъйи мардум аз ҳавзаи Душаки вилояти Ахал вакили порлумон интихоб шуда буд.
Фаъолиятҳои сиёсии писари президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз охири соли 2016 шуруъ шуд. Вай он замон дар интихоботи миёндавраии порлумонӣ ба порлумон роҳ ёфт. Аз он замон ба баъд Сардор Бердимуҳаммадов дар арсаи сиёсиву ҷамъиятӣ фаъол шуд.
Баҳору тобистони соли 2017 вай чанд сафари хориҷӣ анҷом дода, бо мақомҳои баландпояи кишварҳои хориҷ мулоқот кард. Сардор Бердимуҳаммадов ҳамзамон дар чанд чорабинии оммавӣ ҳамроҳи падараш ҳозир шуд.
Дар расонаҳои расмӣ писари президентро «писари мардум» унвон мекунанд ва ҳозиршавиашро дар мазҳари ом ҳамроҳи падар «рамзи насли меросбар» медонанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ