Писари президент нақшаи пахтаро иҷро кард

Вилояти Ахали Туркманистон, ки раҳбарии онро писари президенти ин кишвар Сардор Бердимуҳаммадов бар зимма дорад, нахустин шуда, нақшаи ҳосили пахтаро иҷро кард.

Телевизиони давлатии Туркманистон 4 ноябр нишон дод, чи гуна президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов гузориши писараш Сардор Бердимуҳаммадовро дар бораи иҷрои нақшаи давлатии пахта шунид.

Як манбаи наздик ба ҳукумати Туркманистон 13 октябр ба бахши туркмании Радиои Озодӣ хабар дод, ки нақшаи давлатии ҳосили пахта имсол дар ин кишвар иҷро нахоҳад шуд. Вале ба гуфтаи манбаъ, дастур шудааст, ки вилояти Ахал ба раҳбарии Бердимуҳаммадови хурдӣ бо ҳар роҳе бояд нақшаи пахтаро иҷро кунад.

Расонаи Turkmen.news низ охирҳои моҳи октябр хабар дод, ки вилоятҳои Ахал ва Марии Туркманистон то 22 октябри соли равон нақшаи давлатии пахтаро 40 дарсад иҷро кардаанд. Ҳамчунин расонаҳо ҳанӯз моҳи августи соли равон хабар дода буданд, ки ба мансабдорон ва раисони вилоятҳо дастур шудааст, барои иҷро шудани нақшаи пахтаи вилояти Ахал кумак кунанд. Дар пайи ин дастур интиқоли пахта аз навоҳии дигари Туркманистон ба Ахал оғоз ёфт.

Ёдрас мешавем, нақшаи давлатии ҳосили гандумро имсол низ вилояти таҳти раҳбарии писари президенти Туркманистон нахустин шуда иҷро кард. Як манбаи наздик ба ҳукумати Туркманистон гуфта буд, ки аз вилоятҳои Марӣ ва Лебап ба вилояти Ахал техникаҳо сафарбар шуданд, то он нахустин шуда нақшаи гандумро иҷро кунанд.

Сардор Бердимуҳаммадови 37-сола ягона писари президенти Туркманистон аст. Тайи ду соли ахир ӯ вакили порлумон интихоб шуда, дар Вазорати умури хориҷии Туркманистон мансабҳои баландро дар ихтиёр дошт. 5 моҳ пеш раиси вилояти Ахал таъйин гашт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *