Писари раиси Ёриро кӣ кушт?
Шаби 24 июн шахсони номаълум писари раиси ҷамоати деҳотӣ Ёрии Панҷакент Алишер Баҳриддиновро ба қатл расонидаанд.
Ҷасади Алишерро аз даруни ҷӯй пайдо кардаанд. Додситонии Панҷакент дар робита ба ин қазия парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст.
Бино ба маълумоти як манбаъи сомонаи «Ахбор» ҳодисаи куштор, дар мавзеи «Хумдон»-и деҳаи Ёрӣ дар саҳро ҳангоми обмонии картошка дар замини мутааллиқ ба падараш Баҳриддинзода Раззоқ рух додааст. Манбаъ меафзояд, гӯё ҳангоми обмонӣ, оби ҷӯй кам мешавад ва Алишер Баҳриддинов барои хабаргирии об меравад.Ӯ он шаб танҳо набудааст ва ҳамроҳаш чанд нафар ҳам будаанд, вале барои хабаргирии об худаш танҳо мераваду бар намегардад. Ҳамроҳаш мебинад, ки на оби ҷӯй калон мешаваду на аз Алишер дарак нест. Баъди ҷустуҷӯ, ҷасади ӯро аз дохили ҷӯйи об пайдо мекунанд.Ташхиси тиббӣ — судӣ муайян мекунад, ки дар ягон ҷои бадани мақтул ҷароҳати ҷисмонӣ ё зарбе нест, вале оби зиёд хӯрдааст. Гумони ғолиб, сари Алишер Баҳриддиновро ба об пахш ва бо ин роҳ нафасгир кардан, вайро ба ҳалокат расонидаанд. Фарзияи ҷабран кушта шудани писари раиси ҷамоатро ин нукта ҳам тақвият медиҳад, ки ҷӯйе, ки ҷасади Алибер Баҳриддиновро аз наздаш пайдо карданд, ҷӯйи чандон калоне нест ва оби зиёд ҳам надошт, ки одами баркамол дар он ғарқ шавад.Прокуратураи шаҳри Панҷакент, вобаста ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз намудааст ва ҳоло тафтишот идома дорад.Алишер як ҳафта пеш аз маргаш, санаи 16-уми июн ба синни 23 даромада буд ва ҳанӯз издивоҷ накарда буд.Баҳриддинзода Раззоқ, падари Алишери марҳум ва раиси ҷамоати деҳоти Ёрӣ, соҳиби 4 писар буда, Алишер писари сеюми хонадон буд.Ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент, яке аз ҷамоатҳои калонтарин ва сераҳолии Панҷакент буда, аз ҷамоатҳои сермуноқиша дониста мешавад.Гуфтанд, ки либосош хушк будаст ҳатто ва дигар ин, ки дар он ҷӯй афтода мурдан имкон надорад, зеро канал нест он ва оби калон ҳам надоштаст.
(Ахбор)
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ