Писари Садриддин ҷои Муинро мегирад?

Фарзанд меваи умри инсон аст ва ҳар як падару модар новобаста ба он ки дар ҷомеа чӣ нақшу мақоме дорад, тамоми қуввату имконияти худро барои пешравию хушбахтии ҷигарбандонаш сарф мекунад.

Ситораҳои санъат ҳамеша дар мадди назар қарор дошта бошанд ҳам, зану бачаҳояшонро аз чашми мардум дур нигоҳ дошта, дар бораи оилаашон хеле кам ҳарф мезананд, аммо имрӯз мо ин рози сарояндагонро мекушоем. Мехоҳед бо ҷигарбандони Садриддини Наҷмиддин, Зиёвиддини Нурзод, Фирӯза Ҳафизова,  Сарвиноз Юсуфӣ ва Шабнами Сурайё шинос шавед. Пас, мутаваҷҷеҳ бошед!

Шабнами Сурайё духтарашро ба шавҳар дод?

Шоҳбонуи эстрадаи тоҷик Шабнами Сурайё он қадар зебост, ки ба назар духтараки 18-соларо мемонад, вале ба ҷавониаш нигоҳ накарда духтари бо қади худаш баробар дорад. Ҳафтаи охир дар байни мухлисон сару садоҳо пайдо шуданд, ки гӯё Шабнами Сурайё духтарашро ба шавҳар дода, хушдоман шудааст. Барои фаҳмидани он ки овозаи пайдошуда ягон асос дорад ё не, мо ба продюссери машҳур Диловари Мизроб, ки яке аз дӯстони дерини хонаводагии Шабнами Сурайё ба шумо меравад, занг задем. Диловар дар ҷавоб чунин гуфт:

-Ин овоза ҳақиқат надорад. Духтари Шабнам-Шарифамоҳ ба тозагӣ мактаби миёнаро хатм намуд ва модару бибиаш ҳанӯз дар тараддуди ба шавҳар додани ӯ нестанд. Шарифамоҳ бояд аввал таҳсил карда, соҳиби касбу кор гардад.

-Духтари Шабнами Сурайё ба кадом донишгоҳ дохил мешавад?

-Аниқ ба кадом донишгоҳ дохил шуданашро намедонам, вале нияти дар хориҷи кишвар таҳсил карданро дорад. Шабнам имрӯз на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар хориҷа низ обрӯю шуҳрати зиёде дорад ва яқинан барои дохил шудани фарзанди ягонааш ба яке аз беҳтарин донишгоҳҳои ҷаҳон мусоидат хоҳад кард.  
-Худи Шабнам ин шабу рӯз машғули кадом корҳост?

-Эҷодкор ба ғайр аз эҷод дигар чӣ шуғле дошта метавонад? Шабнам мисли ҳар эҷодкори асил аз пайи ҷустуҷӯ ва офаридани суруду таронаҳои нав ба нав аст. Ногуфта намонад, ки ба серкориаш нигоҳ накарда Шабнам ба тарбияи духтараш диққати ҷиддӣ медиҳад ва ҳаргиз Шарифамоҳро аз мадди назар дур намегузорад. Дурдонаи зиндагии Шабнам яккафарзанд бошад ҳам, эркатулфор нест ва аз уҳдаи тамоми кору бори рӯзгор мебарояд. Иншооллоҳ Шарифамоҳи Шабнами Сурайё дар оянда беҳтарин арӯс хоҳад гашт.

Сарвинози Юсуфӣ:
Духтарам прокурор шуданист

Бонуи хушхиром Сарвиноз Юсуфӣ ба саволи мо дар мавриди фарзандонаш чунин посух дод:

-Ман соҳиби ду фарзанд мебошам. Духтари калониям Хумор аллакай як нозанини хушқаду қомат шудааст. Дар Литсейи президентӣ барои кӯдакони болаёқати шаҳри Душанбе дар синфи 7 таҳсил мекунад. Ростӣ, ман бисёр мехостам, ки духтарам духтур шавад, вале Хумор орзуи ҳуқуқшинос шуданро дорад. Мегӯяд, ки прокурор шуда, тамоми ҷинояткоронро ба зиндон мекашад. Худо кунад, ки орзуяш амалӣ гардад.

 —Фарзанди хурдиатон касби модарашро мегирифтагист?

-Писарам Абубакрҷон нав 5- сола аст ва ба боғча меравад. Ҳанӯз бисёр хурд аст, гуфта намешавад, ки аз ӯ ҳофиз мебарояд ё не.

-Тобистон вақти таътил ва айёми дамгирист. Фарзандонатон дар куҷо истироҳат мекунанд?

-Ростӣ, ин шабу рӯз авҷи мавсими тӯю маъракаҳо аст, барои ҳамин ман вақти холигӣ намеёбам, ки ҳамроҳи фарзандонам ба хориҷа рафта дам гирам. Бар замми ин, падару модарамро ҳафтаи оянда ба хонаи Худо фиристода истодаам. Ин ташвишҳо яктарафа шаванд, баъд дар тирамоҳ ҳамроҳи бачаҳоям ба истироҳат меравам.

Писари Зиёвиддин Нурзод ҳофиз мешавад?

Зиёвиддини Нурзод дар байни сарояндагони тоҷик падари серфарзанд ба шумор меравад. Зиёвиддин дар мавриди ҷигарбандонаш мегӯяд:

-Ман соҳиби 4 фарзанд-ду духтару ду писар ҳастам. Писари калониям Меҳробиддин дар гимназияи “Кафолат” дар синфи 10-мехонад. Саводи хуб, бар замми ин, истеъдоди сарояндагӣ дорад. Сарфи назар аз он ки дар студия ҳастем ё ҷойи дигар, ҳатман баробарам машқи суруд мекунад. Овозаш бад нест. Ростӣ, ман худам ҳеҷ намехоҳам, ки писарам овозхон шавад, чунки санъат роҳи душвор ва печида аст. Талқин карда истодаам, ки ягон пешаи дигарро интихоб намояд, вале дар насибаш ҳофиз шудан бошад, ягон кас пеши роҳи ӯро гирифта наметавонад, чунки ҳунар мисли чашма аст ва хоҳ-нохоҳ рӯзе ҷӯш зада мебарояд.

-Фарзандонатон дар фасли тобистон дар куҷо дам мегиранд?

-Ду духтарам ҳамроҳи писари хурдӣ ва модарашон дар деҳа дар хонаи бобову бибияшон ҳастанд. Беҳтарин истироҳатгоҳ барои кӯдакони ман дар фасли тобистон деҳа аст. Бачаҳоям деҳаро сахт дӯст медоранд, бинобар ин, ман монеи рафтанашон намегардам. Бигзор аз ҳавои тоза нафас кашида, хуб дам бигиранд. Ману Меҳробиддин хонаро хилват ёфта, шабу рӯз машқи суруд мекунем. (механдад)

Зоири Сафарзод:
Бачаҳои Садриддин дар Амрико мехонанд

Муддати як сол мешавад, ки машҳуртарин ситораи эстрадаи тоҷик Садриддини Наҷмиддин дар хориҷи кишвар зиндагӣ карда истодааст. Хушбахтона яке аз шогирдони Садриддин-Зоири Сафарзод меҳмони идораи ҳафтаномаи “Оила” гашт. Аз фурсат истифода бурда, мо дар бораи фарзандони ин ситораи дурахшони эстрадаи тоҷик пурсидем.  Зоири Сафарзод чунин қисса кард:

-Муддати як сол мешавад, ки Садриддини Наҷмиддин ҳамроҳи зану фарзандонаш дар Верҷинияи ИМА зиндагӣ дорад. Духтари калонияш Соноз ҳанӯз мактабхон буда, ҳамроҳи бародараш Маҳмудҷон ва хоҳараш Манижа дар беҳтарин мактабҳои Амрико таҳсил мекунанд. Албатта ҳар падар орзуи хушбахтию пешравии фарзандонашро дорад ва Садриддин ҳам ба хотири бачаҳояш Амрикоро ихтиёр намудааст, то ҷигарбандонаш дар пешрафтатарин мактабҳои дунё хонда, одамони номдор шаванд. Боварӣ дорам, ки фарзандони Садриддин ба  Донишгоҳҳои бонуфузи Амрико дохил мешаванд ва сарфи назар аз он ки дар кадом гӯшаи дунё зиндагӣ мекунанд, фарзандони номбардори миллати тоҷик мегарданд.

Ягон фарзанди Садриддин истеъдоди сарояндагӣ дорад ё не?

Писари хурдии Садриддин-Кароматулло бо лаҳни кӯдакона кам-кам суруд мехонад. Садриддин ба хотири зинда кардани номи хунёгари санъати тоҷик, шодравон Кароматуллои Қурбон ба писараш ин номро гузоштааст. Кароматуллои хурдакак ба падараш тақлид карда суруд мехонад. Боварӣ дорам, ки руҳи Кароматуллои қурбон ва истеъдоди аз падар мерос гирифтааш мададгор мешаванду дар оянда ин кӯдаки хушзавқ сарояндаи номдор гашта, обрӯи тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардорад.

Ура! Зулайхо боз писар ба дунё овард

Фирӯза Ҳафизова:
Духтарҳоямро аз пеши чашмам дур намекунам

-Духтари ман дур не, дар пеши чашмам, дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 8 мехонад. Орзуи духтур шудан дорад ва ман низ ӯро дастгирӣ мекунам, чунки дар ҳар оила як табиби худӣ даркор аст. Очаю духтар якҷоя ба Анталия дамгирӣ рафта омадем. Имконияти барои таҳсил ба хориҷа фиристодани фарзандонамро дорам, вале ин корро намекунам, чунки духтар худаш бисёр мавҷуди нозук аст. Духтарамро чун гавҳараки чашмонам эҳтиёт карда истодаам, то ки бо номи нек ба шавҳар баромада, хушбахт шавад.

Ягон талабгор пайдо шавад, духтаратонро ба шавҳар медиҳед?

  -Духтари ман нав синфи 8-умро тамом кард. Дар оянда, агар аз ягон оилаи хуб барояш талабгор барояд ва духтарам ҷавонро писандад, не намегӯям, чунки хушбахтии фарзанд хушбахтии модар аст.

-Ба фикрам шумо духтари хурдиатонро бештар эрка мекунед?

-Кенҷагиҳо дар ҳар як оила эркача ҳастанд. Асмоаи ман ҳанӯз хурдакак аст, вале эҳсос мекунам, ки истеъдоди хуби сарояндагӣ дорад. Аввалин шунавандаи сурудҳои ман ана ҳамин духтарчаам аст. Ба хурдсолиаш нигоҳ накарда, Асмоа ба ман тақлидкунон чунон бо нола суруд мехонад, ки ногуфтанӣ. Ба фикрам касби маро ҳамин духтарам идома медиҳад. (Механдад)

Суҳбаторо: Рустам Азимӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *