“Писари Тоҷикистон” ба Ватан баргашт

Дар ҳошияи синамоҷашнвораи “Тоҷи Сомон” роҳбари Хазинаи давлатии филми Русия Денис Аксёнов ба раиси киностудияи «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён нусхаи рақамии филми «Писари Тоҷикистон»-ро, ки соли 1942 таҳия шуда, нусхаи асли он дар Русия маҳфуз аст, ҳадя намуд.

Филми замони ҷанг

«Писари Тоҷикистон» филми коргардони шӯравӣ Василий Пронин буда, дар киностудияи Сталинобод (Душанбеи имрӯза) ба навор гирифта шудааст.

Он яке аз 12 филми бадеие мебошад, ки киностудияи «Союздетфильм» (ҳоло киностудияи ба номи М. Горкий) дар якҷоягӣ бо Студияи филмҳои бадеии Сталинобод дар Душанбе сабт кардааст. Ёдовар мешавем, ки «Союздетфильм» солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба пойтахти Тоҷикистон кӯчонида шуда буд ва дар ин ҷо низ бо роҳбарии коргардон Сергей Юткевич ба сабти филмҳои бадеӣ ва ҳуҷҷатӣ идома дод. 

“Писари Тоҷикистон” аз рӯйи сенарияи Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Е. Помешиков ва Н. Рожков ба навор гирифта шуда, нашрияҳои даврӣ ҳадафи онро “инъикоси иштироки халки тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, дӯстии халқҳои Шӯравӣ ва иттиҳоди онҳо дар рӯзҳои вазнини ҷанг” навишта буданд.

Ин филм дар бораи дӯстии ду аскари сурх дар ҷабҳаи ҷанг — Ҳофизи тоҷик ва Ивани рус, ки нақши онҳоро Муҳаммадҷон Қосимов ва Борис Андреев иҷро кардаанд, нақл мекунад. Ҳамчунин дар ин филм Вера Алтайская (нақши Лена), Пётр Савин (ҷанговар), Павел Шпрингфелд (Сангин), Хадича Бобохонова (модари Ҳафиз), Офтоб Исамова (раққоса), Александр Ширшов (навозанда) нақш иҷро кардаанд.

Сюжети филм

Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Колхозчиён ҳамдеҳаи худ Ҳофизро ба ҷанг гусел мекунанд. Ӯ дар фронт бо аскари рус Ивани сибирӣ дӯстӣ пайдо мекунад. Рӯзе дар разведка Иван ва Ҳофиз дар соҳили баҳр неруҳои десантии немисҳоро кашф мекунанд. Онҳо бояд дар мавриди маҳали ҷойгиршавии душман ҳамяроқони худро огоҳ мекарданд, аммо ба муҳосира меафтанд ва роҳашон баста мешавад. Бинобар ин, онҳо маҷбур мешаванд, ки дар дара пинҳон шуда, бо душман ба ҷанги нобаробар бароянд. Вале дере нагузашта лавозимоти ҷангиашон ба охир мерасад. Ҷанговарон ноумед мешаванд.

Вале ногаҳон Ҳофиз машки холиеро пайдо мекунад, ки эҳтимол чӯпонҳо зери сангҳо пинҳон карда буданд. Ҳофиз машкро дам мекунад ва бо маслиҳати Иван худро ба дарёи кӯҳӣ мепартояд. Ин роҳи ягонаи баромадан аз дара буд. Ҳофиз бо ёрии машк шино карда, ба ҳамяроқонаш мерасад ва ҷойи душманро хабар медиҳад. Отряди советӣ роҳи неруҳои десантии душманро бурида, онро несту нобуд мекунанд. Ҳофиз вақте дӯсташ Иванро пайдо мекунад, ӯ захмӣ шудаву дар ҳолати марг буд. Ӯ савганд мехӯрад, ки қасоси ӯро аз душман меситонад. 

Назарҳо дар бораи филм

“Писари Тоҷикистон” моҳи январи соли 1943 ба экран баромад. Он на фақат дар Тоҷикистон, балки дар саросари Иттиҳоди Шӯравӣ, ҳамчунин дар фронт ба аскарони советӣ намоиш дода шуд.

Матбуоти давр дар бораи ин филм хабар дода, онро муваффақияти киностудияи «Союздетфильм» ва Студияи филмҳои бадеии Сталинобод арзёбӣ намудаанд.

Вале баъдан мунаққидон оид ба ин филм назарҳои гуногуни интиқодӣ нашр карданд. Аз ҷумла мунаққидон ба “схемавӣ будани образи аскари шӯравӣ”, “барҷаста инъикос наёфтани образҳо” эрод гирифта, арзиши ҳунарии филмро кам арзёбӣ намуданд. Ҳамин аст, ки баъд аз солҳои 50-ум ин филм ба гӯшаи фаромӯшӣ рафт.

Вале барои мо тоҷикон “Писари Тоҷикистон” арзиши баланди таърихӣ дорад, зеро он нахустин филмест, ки дар он нақши тоҷикон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ инъикос ёфтааст. Ҳамчунин, аввалин филмест, ки дар бораи ин ҷанг дар Тоҷикистон сабт шудааст. Дар ин филм ҷоннисориҳои мардони тоҷик дар ҷанг (Ҳофиз), рӯзгори сангини мардуми тоҷик дар ақибгоҳ (модари Ҳофиз) ва урфу одатҳои тоҷикон, аз қабили гусел ба аскарӣ, рақси миллӣ ва ғайра таҷассум ёфтааст. Ҳамчунин, ин филм нахустин кори шоири тоҷик Муҳаммадҷон Раҳимӣ дар сенариянависӣ мебошад.

Бозгашт

Акнун, шояд суоле сар мезанад, ки чаро филми худамонро раиси Хазинаи давлатии филми Русия ба мо ҳадя мекунад?

Посух чунин аст: Солҳои 90-ум, дар давраи бесарусомонӣ хазинаи филмҳои “Тоҷикфилм” ба коми оташ меравад. Ҳамин аст, ки аксари филмҳо нобуд мешаванд. Хушбахтона, дар даврони Шӯравӣ як нусха аз филмҳо ҳатман ба бойгонии Кинои Марказӣ ба Москва фиристода мешуд. Пас аз пошхӯрии Шӯравӣ он ба Хазинаи давлатии филмҳои Русия табдили ном кард. Хушбахтона, дар даврони соҳибистиқлолӣ аксари филмҳо аз ин хазина барқарор шуданд. Ва инак, “Писари Тоҷикистон” ҳам ба Ватан баргашт.

О. НОЗИР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *