Питсаи калонтарини дунё
Италия ҳамчун кишвари питсаи калонтарини дунё мавқеи худро дубора баргардонд. Питсаи «Маргарита»-ро, ки 40 метр дарозӣ дорад, панҷ нафар тайёр карданд. Барои пухтани чунин питсаи калон ошпазони итолиёвӣ 8892 килограмм орд, 3991 килограмм қайлаи помидор ва қариб 8 тонна панирро истифода бурдаанд. Ба ғайр аз маҳсулоти номбаршуда 680 килограмм маргарин, 249 килограмм намак, 190 килограмм равғани растанӣ ва 23 килограмм сиркои балзамӣ барои хамири питса сарф гашта, ошпазон муддати 48 соат бе истироҳат заҳмат кашидаанд. Питса беш аз 16 тонна вазн дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ