Пиёзи яхбаста. Он метавонад баъди об шудани яхаш барқарор гардад, агар…
Чанд рӯзи охир баҳс атрофи нархи пиёз зиёд шуд. Аввал дар бораи арзиши то 11 сомонӣ сухан мерафт. Баъдан, нарх оҳиста-оҳиста боз поин рафт.
Замони аз ҳама гаронӣ тоҷирон асос пеш меоварданд, ки сардии январии имсола маҳсулотро то ҷойе талаф кардааст ва онҳо дигар наметавонанд нархро паст намоянд. Аммо корашон бумеранг шуд. Акнун, ба бозорҳо биравед, мебинед, ки нархи пиёз хеле поин фаромадааст. Шояд баръакси хаёли хоми тоҷирон, ки ях бастани маҳсулотро интизор набуданд. Яъне, фикри захира кардан дар анборҳову баъди танаффуси муайян якбора ба фурӯш баровардани маҳсулоту фоидаи беш гирифтан кор надод…
Бояд ёдовар шуд, ки аллакай тобистони соли гузашта нархи пиёз як маротиба боло ҷаста буд. Он вақт ҳам матлабе дар ин хусус навишта будам. Чун аввали имсол нархи пиёз боз гарон шуд, ҳамкасбам Холиқназар Ҷумъазода бо ишора ба матлаби қаблан навиштаам латифае дар саҳифаи “Фейсбук” пахш кард:
“Имшаб Фазлиддин Асозодаро хоб дидам. Як лингча пиёз сари китф ин сў — он сў медавид ва чашмонаш пур аз об буданд. Вақте сабаби давидан ва об гирифтани чашмонашро пурсидам, гуфт:
— Пиёз 11 сомонӣ шудааст, устод, 11!
— Ҳеҷ гап не. 11 шудааст, шудан гирад. Баъд чӣ?,- гуфтам бепарвоёна.
— Чӣ хел ҳеҷ гап не,- гуфт бо ғазаб,- аз дасти пиёз мо ҳамеша гирёну дар давутозем ку!
— Чӣ хел ҳамеша гирён?,- ҳайрон шуда пурсидам.
Гуфт:
— То ин замон агар фақат вақти реза кардани пиёз гиря мекардем, аз ин пас вақти хариданаш низ гиря мекунем”…
Аммо акнун пиёз ях баста, тезияш ҳам намондаасту гиряамонро намеорад ва шоҳидем, ки дар бозорҳо нархаш то 3 сомониву 50 дирам фаромадааст. Яъне, тоҷирон дар ҳаросанд, ки агар зудтар аз пиёзи яхкарда халос нашаванд, зарар мебинанд.
Вале агар тоҷирон аз хислати пиёз ба пуррагӣ огоҳ мебуданд, ҳоло пиёзҳои яхбастаро ба фурӯш намебароварданд. Зеро, хусусан деҳқонҳо медонанд, ки пиёз яке аз маҳсулоти ба сардӣ зиёд тобовар аст ва агар ба пиёзи яхбаста то об шудани яхаш ангушт нарасонем, барқарор мешавад, ба асли пешинааш бармегардад, сардаш намезанад.
Аммо агар захираи тоҷирон воқеан кам бошад, дар баробари талаботи бозор дигар илоҷе надоранд, ҷуз ба фурӯш баровардани ҳатто пиёзи яхкарда.
Агар чунин шавад, то ба бозор ворид гардидани ҳосили нав як бори дигар ҷастухези нархи пиёз моро интизор аст.
Фазлиддин АСОЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ