Пизишк Малика Юсупова: 80 фоиз гирифторони коронавирус ба кумаки табиб ниёз надоранд
Малика Юсупова, пизишки Бемористони Ибни Сино дар ҳошияи доман паҳн намудани бемории сироятии коронавирус дар Тоҷикистон, мегӯяд, ки мардум набояд ба таҳлука афтанд. Зеро 80 дарсади сироятёфтагон ин бемориро сабук мегузоранд.
Ӯ дар муроҷиат ба шаҳрвандон гуфт: “Ҳамдиёрони азиз, аввалан ба таҳлука наафтед. Агар бобати саломатиатон саволе пеш омад, мо пизишкон омодаем маслиҳат диҳем ё агар лозим бошад, кумаки худро расонем. Дар бобати бемории сироятӣ, ки алҳол пеш омадааст, гуфтаниам, ки ҳаштод дар сади гирифторон бемориро сабук мегузаронанд ва ниёз ба кумаки пизишкӣ пайдо намекунанд. Аз ин рӯ, агар ягон мушкиле пеш омад ё саволе пайдо шуд, метавонед занг занед. Рақами телефони ман 93-503-72-55. Саломат бошед!”.
Дар ҳамин маврид Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар хабар медиҳад, ки дар Тоҷикистон шифоёфтагон аз бемории COVID-19 рӯ ба афзоиш дорад.
Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, то бегоҳии 21 май дар кишвар 2350 нафар ба коронавирус сироят ёфтаанд. Аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 1008 нафар шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, то санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 44 нафар фавтидаанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки 21 майи соли равон дар мамлакат 3253 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 611 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.
Вазорат дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ