Планшет дар мактаб зарур аст?

Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон рузи 2-юми феврал дар нишасти хабарӣ таъкид кард, ки ҳамаи мактабҳо бо китобҳои дарсӣ ва барномаҳои таълимӣ таъмин ҳастанд ва барои ҳамин, ба гуфтааш, зарурате ба истифодаи планшету телефони мобилӣ дар мактаб нест. Қаблан вазорат гуфта буд, дар пайи таҳияи тарҳе мебошад, ки ба шогирдон иҷозаи истифода аз планшету компютерро дар ҷараёни таълим фароҳам мекунад.

Раҳим САИДЗОДА,

вазири маориф ва илми Тоҷикистон:

-Мо дар ҳақиқат як тасмим гирифта будем, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ истифодаи планшету телефонҳоро иҷозат диҳем. Он ҳам танҳо ба хотитири истифода бурдан ба ҷойи китоб. Барои он ки то соли 2022 камтар бо китобҳо мушкил доштем. Дар муассисаҳо китоби дарсӣ намерасид.

Дар соли 2023 бошад, теъдоди зиёди китобҳои дарсиро ба тасвиб расондем. Ҳоло зиёда аз 6 миллион нусха китоб чоп кардаем. Феълан, бо китоб таъмин кардани мактабҳои таҳсилоти умумӣ 94 дарсадро ташкил медиҳад. Яъне мушкили набудани китоб рафъ шуда истодааст.

Бинобар ин, мо аз тасмимамон ҳозир даст кашидем. Лекин ин тақозои замон аст. Зарурат шавад, истифода мекунем, лекин ҳозир фикр мекунам, ки зарурат нест.

Истифодаи телефонҳои мобилӣ ҳам дар мактабҳо феълан манъ аст. 

Рустам ГУЛОВ,

коршиноси фанновариҳои навин:

-Дар умум ин танҳо аз хоҳиш вобаста аст, агар ҷорӣ кардан хоҳанд, метавонанд, зеро ягон мушкили ҷиддӣ набояд пеш ояд. Аз тарафи дигар, нархи планшет ҳам чандон гарон нест, дар як пленшет мешавад садҳо китобро ҷойгир кард, ки нархи китоб бо нархи планшет баробар аст. Ҳамчунин, як кӯдаке ҳар рӯз дар ҷузвдонаш даҳҳо китобро мебардорду мебарад, агар ба ҷойи он як планшетро осону роҳат барад, беҳтар аст.

Планшетро сокинон бештар ҳамчун як компютери саридастӣ барои кор дар интернет истифода мекунанд. Ҳол он ки, дар баробари истифодаи планшет, овардани телефонҳои мобилӣ низ дар мактабҳо манъ аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *