Почта. Эҳё кардани ин навъи хидматрасонӣ имрӯз қаҳрамонист

Оғози ин ҳафта бозгашт ба як мавзуи хеле муҳим ва рӯзмарра хушҳолкунанда буд. Кадом мавзуъ?

Рӯзноманигор Раҷаби Мирзо дар саҳифаи фейсбукии “Ахбор барои афкор” аз як дастури хело ҳам зарурии раиси шаҳри Душанбе ёдовар шуд. Гап сари он меравад, ки 9-уми октябри соли 2020 раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ супориш дода буд, то дар хонаҳои сокинони пойтахт қуттиҳои почта гузошта шаванд. Аз гуфтаҳои масъулини шаҳрдории пойтахти кишвар нақли қавл шуд, ки «қуттиҳои почта дар биноҳои нав низ аз ҳисоби бинокорони манзилҳо гузошта шуда, бе қуттиҳои почта комиссияҳо хонаҳоро ба истифода қабул намекунанд. Қуттиҳои нави почта дар якчанд корхонаҳои саноатии шаҳр сохта мешаванд».

Аммо, бино чизе нест, ки гум шавад. Як бор сари қадам ба даромадгоҳҳои биноҳо сар халонед, ку дар чандтои онҳо қуттиҳои почтаро мебинед!?

Фикр мекунам, воқеан, имрӯз эҳё кардани чунин навъи хидматрасонӣ қаҳрамонист. Ба кадом хотир? Ба чанд далел:

— Якум ва аз ҳама муҳим, назокату тартиб ва низоми фаъолият равшану лоиқи ситоиш мешавад.

— Дувум, такудав ва саргардониҳои мардум то ҷойе паси сар мешаванд.

— Савум, мавқеи “Почтаи тоҷик” намоёну сутуданӣ мегардад ва эътимоди барҳамхӯрдаи одамон ба хидматрасониҳои он ба ҷойгоҳи пешину мусбати худ бармегардад.

Аммо, ҳар чӣ набошад, дар пойтахт ба хайр аст. Зеро сокинон барои расонидани муроҷиатҳояшон ба ҷойҳои лозима он қадар мушкилӣ намекашанд. Дастрасӣ ба нашрияҳо низ чандон мушкил нест. Мушкилоти марбути почта асосан хоси шаҳру ноҳияҳои дурдасти кишвар аст.

Фикр мекунам, бисёриҳо қуттиҳоеро, ки солҳои пеш дар хонаи ҳар як сокини деҳот насб гардида буданд, дар ёд доранд. Ҷойе қуттии почтаро дар дарахт овезон медидӣ, ҷойи дигар дар пушти дару дарвоза. Қуттиҳои сурх, сабз, кабуд (бештар сурх)-ро дар девори андовашудаи хонаҳои сокинон зиёд мушоҳида мекардем. Вале, бо мурури вақт ва фалаҷ гардидани хидматрасонии почта, қуттиҳо ба бозичаи дасти кӯдакон табдил ёфтанд. Қуттиҳои зебо, ки асбоби қабулкунандаи мактубу нашрияҳои даврӣ буданд, “мошинча” шуданд.

Шояд дар пиндори ҳама эҳё кардани қуттиҳои почта тасмими амалинашаванда бошад. Аммо ин тавр нест. Зеро кори намешуданӣ нест. Танҳо эҳсоси масъулият лозим аст. Масъулини шаҳру ноҳияҳои дурдаст, хусусан кордорони ҷамоатҳову раисони маҳаллаҳо бояд ба мавзуи мавриди назар таваҷҷуҳ диҳанд.

Масъулини “Почтаи тоҷик” дар ин маврид чӣ мушкил ва чӣ назар доранд?

Фазлиддин АСОЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *