Подполковники 43 ҳазор доллар порагирифта аз ВКД набудааст
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри раддия изҳор доштааст, ки подполковники боздоштшуда корманди ин ниҳод нест.
Агентии зидди коррупсияи Тоҷикистон дар сомонаи расмиаш аз боздошти подполковники милиса Абдуллоев Мирзоалӣ Халифаевич хабар
дод, ки дар порагирӣ аз айбдоршаванда муаттаҳам мешавад. Ба иттилои ин ниҳод, Абдуллоев ба ҳайси муовини сардори шуъбаи корҳои дохилии ВКД аз шаҳрванд «В» 30 ҳазор доллар пора гирифта, ваъда додааст, тариқи шиносҳояш дар Раёсати тафтишотии ВКД парвандаи ҷиноятӣ нисбати писарашро қатъ хоҳад кард. Оҷонсӣ мегӯяд, подполковник инчунин аз шаҳрванд «А» 13500 доллар гирифта, ба манфиати онҳо ягон амалро иҷро накардааст: “Боздоштшуда маблағҳои гирифтаашро ба эҳтиёҷоти шахсии худ сарф намуда, ба шаҳрвандон «А» ва «Б» зарари моддӣ ба миқдори махсусан калон расонидааст”.
Аммо Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар раддияи худ навиштааст, «Абдуллоев Мирзоалӣ Халифаевич собиқ шунавандаи курси 2-юми факултети №1-и Академияи Вазорати корҳои дохилӣ буда, аз 1-уми феврали соли 2017 бо хоҳиши худ аз мақомоти корҳои дохилӣ «озод» карда шудааст».
Феълан алайҳи Мирзоалӣ Абдуллоев бо гуноҳи қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ