Подшоҳи Британия Чарлз III гирифтори бемории саратон шудааст

Подшоҳи Британия Карл III ба бемории саратон гирифтор шудаст. Ин беморӣ ҳангоми бистарӣ дар беморхона бар асари васеъ шудани ғадуди простата ошкор шудааст.

Аммо гуфта мешавад, ки Чарлз III ба таври маъмулӣ корҳои давлатӣ ва ҳуҷҷатгузории расмиро идома медиҳад.

Шоҳзода Чарлз III ба муолиҷааш боварӣ дорад ва умедвор аст, ки ҳарчи зудтар ба корҳои ҷамъиятӣ баргардад.

Чарлз III дар соли 2022 баъди марги модараш Элизабетаи II расман подшоҳи Британияи Кабир эълон шуда буд.

Ёдовар мешавем, ки Елизавета II соли 2022 дар синни 96-солагӣ даргузашт.

Монарх дар қалъаи Шотландия Балморал дар оғӯши оилааш вафот кард. Вай дар тӯли 70 сол тахти салтанатро дар ихтиёр дошт, ки ин ӯро тӯлонитарин ҳоким дар таърихи кишвараш кард.

Шоҳзода Чарлз расман подшоҳи нави Британияи Кабир Карл III эълон шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *