Пойгаи “Пайк” бахшида ба Рӯзи Истиқлолият ва гиромидошти хотираи Достиев

Ҳафтавори ҷамъиятию сиёсии «Пайк» дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб хоҳишмандони синни то 9-соларо ба пойгаи дучарха ва сечархасаворӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва гиромидошти хотираи журналисти шинохтаи ҷумҳурӣ, шодравон Аслиддин Достиев даъват кард.

Бино ба иттилои нашрияи мазкур, дар чорабинӣ инчунин кӯдакони имконияти маҳдуддошта низ иштирок мекунанд ва аробачаҳои маъюбӣ ба ҳайси дучарха қабул карда мешаванд.

— Чорабинӣ аз се давр иборат хоҳад буд: якум — пойгаи кӯдакони имконияташон маҳдуд, дуюм — сечархасаворон, сеюм — дучархасаворон. Ғолибони ҷойҳои якум, дуюм, сеюми ҳар давр сазовори мукофотҳои таъсисдодаи ҳафтавори «Пайк» ва МИҲД-и шаҳри Кӯлоб мегарданд. Туҳфаҳои ихтиёран пешкашнамудаи афроди саховатпеша низ иборат аз бозичаҳо ё либосворӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд қабул карда мешавад,- меафзояд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки бақайдгирии иштирокчиёни чорабинӣ дар асоси шаҳодатномаи таваллуд ва волидайни кӯдак рӯзи 3-юми сентябр соати 7-и саҳар дар Боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Кӯлоб ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баргузор мегардад. Оғози пойга соати 8:00-и саҳар муқаррар шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *