Пойгоҳи низомии Амрико дар Тоҷикистон имкон дорад?

Дар Тоҷикистон имкони сохтмони пойгоҳи низомии Амрико вуҷуд дорад. Дар ин бора бо истинод ба як манбаъ дар артиши ИМА ба RT иттилоъ .
Тибқи ин санад, Вашингтон ният дорад дар 20 кишвари Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна пойгоҳҳои низомӣ бо тамоми инфрасохторҳои лозима бунёд кунад.
Барои мисол дар пойгоҳи низомӣ бояд ҳатман фурудгоҳҳо, роҳи автомобилгард, бемористонҳо, нерӯгоҳҳои барқӣ, шабакаҳои обрасонӣ ва ғайра сохта шавад. Пойгоҳҳо бо перон ва бонди фурудгоҳ бояд муҷаҳҳаз бошанд.
«Шартҳои техникӣ бо хизматрасониҳо маҳдуд намешаванд» — таъкид доштааст манбаъ.
Ҳукумати Амрико барои таҳияи ин лоиҳа 240 миллион доллар ҷудо кардааст. Шартнома бо пудратчиён барои панҷ сол баста мешавад. Онҳо вазифадоранд пойгоҳҳои низомӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон пойгоҳи низомӣ низ бунёд кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *