Пойи Комроншоҳ осеб дид, дар «Zagreb Grand Prix 2022» иштирок намекунад

Варзишгари шинохтаи тоҷик дар вазни то 90 кг Комроншоҳ Устопириён бо сабаби осеб дидани пояш дар мусобиқаи «Zagreb Grand Prix 2022» оид ба намуди гўштини дзюдо иштирок карда наметавонад.

Бино ба иттилои Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, мусобиқаи мазкур 15-уми июл дар шаҳри Загреби Хорватия оғоз шуд, ки то 17-уми июли соли равон идома меёбад ва дар он иштироки 548 варзишгар (315 мард ва 233 зан) аз 71 кишвари ҷаҳон дар назар аст.

— Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60 кг), Муҳаммад Маҳмадизода (-60 кг), Шаҳбоз Саидабуроров (-66 кг), Алиҷон Сафаралиев (-66 кг), Наврӯз Каримзод (-73 кг), Шодмон Ризоев (-81 кг) ва Ҷаҳонгир Маҷидов (-90 кг) ба ҳайати дастаи мунатахаби Тоҷикистон оид ба дзюдо шомил мебошанд,- меафзояд манбаъ.

Бояд ёдовар шуд, ки аз 8 то 10-уми июл Мусобиқаи байналмилалии дзюдо — «Grand Slam Hungary 2022» баргузор гардида, дар он варзишгарони тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода ва Комроншоҳ Устопириён ба гирифтани ҷои ҳафтум шарафёб шуда буданд.

Дар дуюмин мусобиқаи интихобии олимпӣ 406 варзишгар (244 мард, 162 зан) аз 61 давлат ширкат карданд. Аз ҷумла, аз ҷумҳурии мо 5 нафар — Муҳаммад Маҳмадизода (-60 кг), Шаҳбоз Саидаброров (-66 кг), Беҳрӯз Хоҷазода (-73 кг), Комроншоҳ Устопириён (-90 кг) ва Ҷаҳонгир Маҷидов (-90 кг) ба Будапешт сафарбар гардида буданд. Варзишгарони мо натавонистанд сазовори медал шаванд, аммо Беҳрӯз ва Комроншоҳ ҷои ҳафтумро гирифтанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *