Покистон: Машъал Хонро куштанду Абдуллоҳ гурехт

Издиҳоми хашмгин дар саҳни хобгоҳи як донишгоҳ як донишҷӯи 23-соларо ба «куфргӯӣ” айбдор карда, то мурдан латукӯб кардааст. Дар робита ба ин қатли худсарона дастикам 45 нафар боздошт шудааст.
Рӯзи панҷшанбе, 13 апрел, издиҳоми хашмгин дар саҳни Донишгоҳи Абул Валӣ Хон дар шаҳри Мардони Покистон ба Машъал Хон ва Абдуллоҳ, ду донишҷӯи риштаи журналистика ҳамла карда, Машъал Хонро то мурданаш зери мушту лагат гирифтааст.
Миён Саид, намояндаи пулиси Мардон гуфт, дар робита ба ин қатли худсарона дастикам 45 нафарро боздошт кардаанд.
Шаҳри Мардон дар вилояти Хайбар Пахтунхва дар тақрибан 60-километрии шимолушарқи маркази ин вилоят, шаҳри Пешовар ҷойгир шудааст.
Дар Покистон куфргӯӣ ва таҳқири Ислому Паёмбар Муҳаммад(с) ҷиноят ҳисоб мешавад ва ҷазояш то ҳукми қатл аст. Вале қабл аз ин ҳамла ба зидди ин ду донишҷӯ ягон парванда дар робита ба куфргӯӣ боз нашуда буд.
Бо ин вуҷуд, овозаҳо дар бораи инки гӯё Машъал Хон дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи дини Ислом ва Паёмбар Муҳаммад бадгӯиҳо кардааст, боиси рӯзи 13 апрел дар саҳни хобгоҳи донишгоҳ ҷамъ шудани садҳо нафари хашмгин шуд.
Издиҳом Машъал Хон ва ҳамсабақаш Абдуллоҳро гирд кард ва ба латукӯби онҳо пардохт. Абдуллоҳ бо ҷароҳатҳои сангин аз ин ҳамла ҷон ба саломат бурд, вале Машъал Хонро ҳамлагарон зада-зада куштанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *