Покистон: Таркиш ҷони 6 нафарро рабуд

Дар атрофи шаҳри Лоҳури Покистон бар асари таркиш 6 нафар, аз ҷумла, 4 нафар кормандони полис ва ду нафар сокинони осоишта ҷон бохтанд. Дар ин бора «РИА Новости» бо истинод ба шабакаи телевизиони «Geo TV» хабар медиҳад.

Бино ба гузориши шабакаи мазкур, ҳамчунин бар асари ин ҳодиса беш аз 10 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Ҳоло мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамаи ҳолатҳои ҳодисаро муайян накардаанд. Тибқи яке аз фарзияҳо, эҳтимол таркиш дар натиҷаи ба кор даромадани минаи худсохт ва ё бино ба фарзияи дигар  бар асари ҳамлаи ғаразноки террористи маргталаб рух додааст.

Тафтишот тахмин мекунад, ки ҳадафи ҳамлагарон кормандони полис буданд, на сокинони осоишта. Тафтишот дар ин самт давом дорад. То ҳол ҳеҷ яке аз гурӯҳҳои террористӣ масъулияти ин ҳодисаро бар дӯш нагирифтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *