Покистон Толибонро ба Исломобод даъват мекунад
Покистон даъват кардааст, ки дар нишасти сарони кишварҳои исломӣ дар Исломобод намояндагони давлати Толибон (дар Тоҷикистон мамнӯъ) низ ширкат кунад
Валиуллоҳ Шоҳин, раиси Маркази мутолиоти стротегии вазорати умури хориҷаи Покистон таъкид кард, иқтисоди Афғонистон, низоми молӣ, низоми бонкӣ ва одисозии равобити давлати Толибон бо дигар кишварҳои ҷаҳон аз масоили муҳимме аст, ки дастури кори ин нишаст қарор хоҳад гирифт, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.
Нишасти сарони кишварҳои исломӣ санаи 19 декабр дар Исломобод баргузор мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ