“Поккорӣ” дар ВКД Туркманистон

Дар вазорати корҳои дохилии Туркманистон «поккорӣ»-и кадрҳо шуруъ шудааст. Дар ҳоли ҳозир ронандаи вазири корҳои дохилии Туркманистонро боздошт карданд.

Расонаҳо менависанд, худи вазири корҳои дохилӣ Искандар Муликов аз мақом барканор шуд.

Манобеъ хабар медиҳанд, ки боздошти ронандаи вазир баъди ҳабси тоҷири ишқободӣ Чари Қулов ва вазири пешини равобити иқтисоди хориҷӣ Амандурдӣ Ишанов сурат гирифтааст.

Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки 1 октябр чанде аз сардорони раёсатҳои ВКД Туркманистон аз мақом барканор шудаанд.

Вазири корҳои дохилии Туркманистон Искандар Муликов аз соли 2009 ба ин тараф дар мақоми вазирӣ амал мекард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *