Полиси Русия ҷонибдорони Навалнийро боздошт кард
Полиси Русия даҳҳо нафарро, ки дар ҳимоят аз Алексей Навалний, раҳбари мухолифони давлати Русия даст ба эътироз задаанд, дастгир кардааст.
Тарафдорони ӯ гуфтаанд, ки имрӯз дар беш аз 60 шаҳри мухталифи ин кишвар даст ба тазоҳурот мезананд. Полис барпо ва ҳар гуна эътирозро ғайриқонунӣ эьлон намуда, гуфтааст, ки бо он бархӯрд мекунанд.
Тазоҳуроти ҳаводорони Навалний дар минтақаи Хабаровски Русия оғоз шудааст.
Юлия Санина, ҳамсари Навалний гуфтааст, ки дар тазоҳуроти Маскав «барои худам, барои ӯ, барои фарзандонамон, барои арзишҳову ормонҳое, ки дорем, ширкат хоҳам кард.»
Полиси Маскав ҳушдор додааст, ки бо ҳар гуна тазоҳурот дар пойтахт бархурди ҷиддӣ мекунад.
Алексей Навалний якшанбеи ҳафтаи гузашта, пас аз 5 моҳи табобат дар Олмон ба хотири » масмумият бо заҳри Новичок» ба Маскав баргашту дар фурудгоҳ боздошт шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ