Бозгашт ва боздошт Мухолифи рақами 1 мавзӯи рақами 1

Полис аввал даромадгоҳи толори ташрифоти байналмилалиро баст ва сипас ба боздошти онҳое шурӯъ кард, ки бо Навалний вохӯрдан мехоҳанд. Тибқи гузориши ОВД-Инфо, 55 нафар дар Внуково, се нафари дигар дар Шереметево боздошт шудаанд.

Бозгашти мухолифи “рақами 1”-и Путин Алексей Навалний ба Москва ва боздошту ҳабси ӯ мавзӯи рақами яки расонаҳои ҷаҳонист.

Навалний кист?
Алексей Анатолиевич Навалний 4 июни 1976, дар ноҳияи Одинтсовои вилояти Москва таваллуд шудааст, ҳоло пешвои ҳаракати оппозисиюни Русия ҳисобида мешавад, ҳуқуқшинос ва ходими ҷамъиятӣ , ки бо таҳқиқоти худ дар бораи коррупсия дар Русия маъруф аст. Худро ҳамчун рақиби асосии роҳбарияти Русия бо сарварии Владимир Путин муаррифӣ мекунад Асосгузори Фонди мубориза бо коррупсия мебошад. Вай дар интихоботи шаҳрдории 2013 барои ишғоли мансаби шаҳрдори Маскав ҷои дувумро гирифт ва 27,24% овози интихобкунандагонро ба даст овард ва аз Сергей Собянин мағлуб шуд. Аз моҳи ноябри соли 2013 ӯ Шӯрои марказии ҳизби сиёсии «Русияи оянда» -ро роҳбарӣ мекунад. Моҳи декабри соли 2016 нияти ширкат дар интихоботи президентии Русияро, ки моҳи марти соли 2018 баргузор гардид, кард, аммо 25 декабри соли 2017, Комиссияи марказии интихобот сабти номи ӯро рад кард

Заҳролудшавии Навалний
Пешвои мухолифини Русия, ки барои ташкили эътирозҳои серҷамъият чандин бор ҳабс шудааст, мегӯяд, ки ӯро бо супориши Президент Владимир Путин заҳролуд карданд, аммо Маскав ин чизро рад мекунад. Вазъи саломатии ӯ дар вақти парвоз аз Омск ба Маскав бад шуд ва минбаъд ӯро барои муолиҷа ба Олмон бурданд. Заҳролудкунии Навалний монанд ба қазияи заҳролудшавии ҷосуси дугонаи рус Сергей Скрипал ва духтараш Юлия дар соли 2018 дар шаҳри Салисбурии Инглистон будааст. Ин қазия таваҷҷуҳи байналмилалиро ҷалб кард. Табибони Олмон ба хулосае омаданд, ки Навалний бо органофосфат заҳролуд шудааст ва ин заҳри қотили замони шӯравӣ марбут ба гурӯҳи хатарноктарини заҳр “Новичок” аст. Маскав бошад, борҳо иттиҳоми даст доштан дар заҳролудшавии Навалнийро рад кардааст. Моҳи декабр CNN, Bellingcat, The Insider ва Der Spiegel натиҷаи тафтишотро нашр карданд, ки дар он гуфта мешавад, ки ба заҳролудшавии Навалний ҳашт корманди ФСБ даст доранд. ФСБ тафтишотро «як иғвогарии тарҳрезишуда барои бадном кардани ФСБ ва кормандони он» арзёбӣ кард ва Президент Владимир Путин маводҳои ин расонаҳоро дар бораи заҳролудшавӣ «қонунигардонии маводҳои хадамоти махсуси Амрико» номид.

Табобат ва бозгашт
Алексей Навалнийро дар Олмон табибон аз дами марг баргардониданд. Бори аввал вақте ки баъд аз беморӣ бо хабарнигорон ҳамсуҳбат шуд, гуфт: “Ман шаҳрванди Русия ҳастам ва ба он ҷо бармегардам”. Ҳарчанд гуфтанд, ки туро дар Русия ҳабс интизор аст, аммо ин гуфтаҳо ӯро барои барнагаштан моил накард. Дар Берлин Навалнийро бо мошинҳои давлатӣ бо ҳамроҳии полис ба фурудгоҳ бурданд. Тавре рӯзномаи “Bild” навиштааст, барои парвози Алексей ва ҳамсари ӯ Юлия, кормандони полиси федералии Олмон кумак карданд ва ҳуҷҷатҳои онҳоро дар қуттии махсуси сиёҳ оварданд. Дар рӯзи парвоз ба майдони ҳавоии Внуково ҳавопаймои «Победа», ки дар он Навалний ва ҳамсари ӯ буданд, фургонҳои пулис дар назди бино навбатдор меистоданд. Ҷонибдорони ӯ ва журналистон кӯшиш карданд, ки Навалнийро дар фурудгоҳ пешвоз гиранд. Полис аввал даромадгоҳи толори ташрифоти байналмилалиро баст ва сипас ба боздошти онҳое шурӯъ кард, ки бо Навалний вохӯрдан мехоҳанд. Тибқи гузориши ОВД-Инфо, 55 нафар дар Внуково, се нафари дигар дар Шереметево боздошт шудаанд.

Ҳабси Навалний дар фурудгоҳ

Тайёра бояд дар майдони ҳавоии Внуковои Маскав фуруд меомад, аммо фурудгоҳ бо далоили фаннӣ муваққатан барои ҳавопаймоҳо баста шуд. Самолёт бо Навалний соати 20:12 ба вақти Маскав ба Шереметево фуруд омад. Боздошти Навалний ҳангоми аз назорати шиноснома дар Шереметево гузаштан сурат гирифт. Хадамоти федералии иҷрои ҷазо қаблан гуфта буд, ки барои боздошти ӯ чораҳо меандешад. Ин Хадамот чунин мешуморад, ки сиёсатмадор режимро вайрон кардааст, ки тибқи он, ӯ бояд моҳе ду маротиба барои сабти ном дар мақомоти ФСИН ҳозир мешуд. Нимаи дуюми рӯзи 18 январ дар шуъбаи 2-юми полиси Вазорати корҳои дохилӣ барои ноҳияи шаҳри Химки мурофиаи судӣ оғоз ёфт, ки Навалний пас аз боздошт ба он ҷо бурда шуда буд. Он масъалаи интихоби чораи пешгирикунандаро то ҳалли масъалаи иваз кардани ҳукми шартӣ бо ҳукми воқеӣ баррасӣ кард. Дар мурофиа гурӯҳи хеле ками хабарнигорон роҳ дода шуданд.Суд чораи пешгирикунанда барои Навалнийро дар намуди ҳабс барои 30 рӯз интихоб кард.

Ғарб чӣ мегӯяд?
Роҳбари самти ҳифзи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид Мишел Бачелет дар изҳороте гуфт: “Аз ҳабси Алексей Навалний ҷиддан дар ташвиш ҳастем ва тақозо мекунем, ки ӯ билофосила озод шавад. Мо талаби худро оид ба баргузории таҳқиқоти муфассал ва бетарафонаи заҳролудшавии ӯ бори дигар такрор мекунем.»
Амрико ва Иттиҳоди Аврупо аз даъвати СММ пуштибонӣ карданд. Бисёр кишварҳои ғарбӣ ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз Кремл тақозо карданд, шеваи заҳролудшавии Навалнийро бо силоҳи кимиёӣ шарҳ бидиҳад. Жозеп Боррелл, раиси сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо аз номи 27 кишвари узв гуфт, «Иттиҳоди Аврупо боздошти роҳбари мухолифони Русияро маҳкум ва тақозо мекунад, ки ӯ билофосила озод шавад.»
Вай афзуд, Аврупо ин қазияро пайгирӣ мекунад ва сиёсатҳои худро нисбат ба Русия мутобиқ ба амалҳои он созмон медиҳад.
Литва, Латвия ва Эстония дар ҷаласаи рӯзи 18-уми январ тақозо карданд, ки нисбат ба Русия барои заҳролудкунии Навалний чораҳои муҷозоткунанда ҷорӣ шавад. Вазорати корҳои хориҷии Олмон ба озодии фаврии Навалний даъват кард. Вазири корҳои хориҷии Олмон Ҳейко Маас гуфт, ки ӯ далели боздошти Навалнийро «нафаҳмид» ва хостори риояи волоияти қонун ва ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ шуд. Доминик Рааб, вазири умури хориҷии Бритониё аз боздошти Навалний изҳори нигаронӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, Русия бояд, пеш аз ҳама, «истифодаи силоҳи кимиёвиро» шарҳ диҳад. Раиси Шӯрои Аврупо Чарлз Мишел низ талаб кард, ки Навалний фавран озод карда шавад. Сарвазири Лаҳистон Матеуш Моравецкий низ чунин муроҷиат кардааст. Дар як изҳороти муштараки вазоратҳои корҳои хориҷии Латвия, Литва ва Эстония гуфта мешавад, ки бинобар боздошти оппозитсюн, Иттиҳодияи Аврупо бояд таҳримот алайҳи Русияро баррасӣ кунад. Вазоратҳои корҳои хориҷии Австрия ва Фаронса низ талаб карданд, ки ин сиёсатмадор озод карда шавад. Ҷейк Салливан, мушовири Президент Ҷо Байден ба раҳоии Навалний даъват карда, боздоштро «на танҳо нақзи ҳуқуқи инсон, балки чолиш барои мардуми Русия» номид. Котиби давлатии ИМА Майкл Помпео раҳоии Навалнийро «бидуни ҳеҷ гуна шарт» талаб кард.

Ҷавоби Русия ба роҳбарони ғарбӣ
Русия айни замон ба таҳдидҳои Ғарб беэътиноӣ мекунад. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар изҳороте рӯзи 18-уми январ маҳкумияти Ғарбро аз ҳабси Навалний талоши дур шудан аз масоили дохилии худи ин онҳо номид. «Ин, аз афташ, ба сиёсатмадорони ғарбӣ имкон медиҳад, ки фикр кунанд, ки бо ин роҳ метавонанд диққати сокинони кишварашонро аз амиқтарин буҳроне, ки тарзи давлатдориашон гирифтор шудааст, дур кунанд» гуфт ӯ. Дмитрий Песков, сухангӯи Президенти Русия ба рӯзномаи «Подём» шояд бо истеҳзо гуфт, ки дар бораи боздошти Навалний хабар надорад, зеро ӯ дар рухсатӣ аст: «Узр мехоҳам. Оё ӯро дар Олмон боздошт кардаанд? Ман намедонам…».

Таҳияи А. АҲМАДЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *