Абдулло Абдуллоҳ: Дар интихобот баранда шудам
Абдулло Абдуллоҳ, раиси иҷроияи Ҳукумати Афғонистон иддао дорад, ки дар интихоботи президентии рӯзи 28 сентябр пирӯз шудааст.
Вай рӯзи 30 сентябр дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Кобул гуфт, ки овозҳои бештари интихобкунандагонро ба даст оварда ва пирӯз шудааст.
Абдулло Абдуллоҳ таъкид дошт, ки “дигар ба даври дуюми интихобот ниёзе вуҷуд надорад”.
Ин дар ҳолест, ҳисоби овозҳо ба охир нарасида ва қарор аст, натиҷаи муқаддамотии интихоботи президентӣ дар Афғонистон рӯзи 19 октябр эълон шавад. Натиҷаҳои ниҳоиро рӯзи 7-уми ноябр эълон мекунанд.
Дар интихоботи Афғонистон 15 номзад рақобат карданд, вале номзадҳои аслӣ Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури феълӣ ва Абдулло Абдулло, раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон буданд.
Ашраф Ғании 70-сола ва Абдуллоҳ Абдуллоҳи 59-сола ҳукумати ваҳдати миллиро раҳбарӣ мекунанд, ки тафриқаи зиёд дар он вуҷуд дорад. Ҳукумати ваҳдати миллӣ баъд аз интихоботи баҳсбарангез ва олуда ба тақаллуби соли 2014 бо миёнҷигарии Амрико ташкил шуд.
Дар миёни номзадҳои дигар, Раҳматулло Набил, раиси собиқи Хадамоти амнияти миллӣ ва ҳам Гулбиддин Ҳикматёр, яке аз ҷангсолорони ифротӣ ҳам ҳастанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ