Афсона ва ҳақиқати коронавирус

Соли 2014 (5 феврал) мулоқоти муаллифи ин сатрҳо дар ҳайати маҳфили сардабирон бо Президенти  Исроил Шимон Перес баргузор гашта буд. Дар посух ба саволи қолаби  давлатсозӣ, махсусият ва роҳу равишҳои давлатдорӣ барои халқу миллатҳо Шимон Перес назареро баён карда буд, ки муҳимияти он барои имрӯз бештар эҳсос мешавад:

«Ман итминон дорам, ки дар ниҳоят ҷаҳон ба дасти роҳбарияти нав меафтад. Давлатҳои миллӣ дар қиёс бо собиқ заиф шудаанд. Зеро ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) онҳоро аз назорати иқтисодиёт дур афканд. Амалан ҳоло ду шакли ҳокимият вуҷуд доранд — шакли ҳокимияти давлати миллӣ ва шакли ҳокимияти қудратҳои иқтисодии ҷаҳонӣ. Бовар дорам анқариб ҳукуматҳои миллӣ танҳо ба корҳои дохилии кишвари худ машғул мешаванд. Корпоратсияҳои байналхалқӣ иқтисодиётро ба даст мегиранд, инсонҳо бошанд, аз паи рушди қобилият ва истеъдоди худ мешаванд. Он гоҳ на танҳо аз нигоҳи иқтисоди сиёсӣ, ҳамчунин аз нигоҳи тарзи тафаккур қарни нав оғоз меёбад ва мо дар ҷаҳони нав зиндагӣ хоҳем кард».

(Шакли пурраи мусоҳиба бо Шимон Перес дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон» № 40)

 Ин қарни нав оғоз шуд ва мутаассифона, аз фоҷиа — манипулятсияи одамон аз ҷониби соҳибқудратон. Коронавирус хӯшае аз ин хирмани касофат аст. Дар бораи маснӯӣ будани табиати коронавирус, ки дар шаҳри Ухани Чин пайдо гашту ҷаҳонро фаро гирифт, олимон, сиёсатмадорон, рӯзноманигорон мегӯянду менависанд. Публитсист Эрнст Фляйшман менависад, ки истеҳсоли чунин як вирусро Сандуқ (фонд)-и Бил (бойтарин одами дунё) ва Мелинда Гейтс, маблағгузорӣ мекунад  (Anonymous News).  Дар баёни ин фарзия ӯ ягона нест. 19 июни соли 2019 Донишкадаи Пирбрайт (маблағгузори он Ҳукумати Британия), барои патент кардани коронавирус, ки муассисаи патентии Европа таҳти рақами ЕР3172319А1 сабти ном карда буд, муроҷиат мекунад. Яке аз сарпарастони ин донишкада низ сандуқи Билл ва Мелинда Гейтс аст. 18 октябри соли 2019, чанд ҳафта қабл аз паҳн гаштани хабар аз нахустин мубталоёни коронавирус Сандуқи Гейтс, Донишгоҳи Ҷон Хопкинс ва Анҷумани байналмилалии иқтисодӣ дар Ню — Йорк барои сиёсатшиносон, масъулин, роҳбарон ва коршиносони соҳаи тиб бо номи «Рӯйдоди 201» анҷумане баргузор мекунанд. Ҳадаф аз ин анҷуман намоиши эҳтимолии доман афрохтани коронавирус дар ҷаҳон буд. Оё медонед, хулосаи эҳтимолии анҷуман чӣ буд?

Кам не, ғам не бояд дар 18 моҳ 65 миллион одам бо ҷаҳон падруд гӯяд, тиҷорат, ҳаракати одамон дар рӯи замин қатъ, иқтисодиёти дунё суқут кунад. Маънӣ, дар заминаи ин ҳама бесомониҳо гурӯҳе бо чӯби гӯр деги худро меҷӯшонанд. Даме мо- тоҷикони аз пушти сар бехабар  санги маломат бар сари ҳамдигар мезанем, миёни худиҳо душман метарошем, миллатро ба маҳалҳо тақсим мекунем, воҳима бармеангезем, ба хотири ду пули пучак зархарид мешавем, теша бар решаи давлатдории пас аз ҳазор сол бадастомада мезанем, душманони мо дар либоси дӯст сарнавиштамонро ҳал мекунанд. 

Коронавирус аз нӯги хамир фатир аст. Сандуқи ҳамсарон Гейтсҳо аллакай омӯзиши ваксинаи ихтироъкардаашро ба роҳ монданд. Худо медонад, шояд кайҳо ваксина аз озмоиш гузашта бошад. Кори Сандуқи Гейтсҳо, чуноне коршиносон мегӯянд, бо ҳамин ба анҷом намерасад. Он дар даҳсолаи оянда ҷиҳати истеҳсоли ваксинаҳои нав барои кишварҳои ҷаҳони сеюм 10 миллиард доллари ИМА ҷудо намуда, ба маблағгузори асосии Созмони байналхалқии тандурустӣ (дар ҳаҷми $ 2 миллиард) мубаддал гашт. Мо Билл Гейтсро асосгузори Microsoft мешиносем, вале саҳифаҳои ғарқи дунёи бизнеси доруворӣ гаштани ӯ бароямон торик аст. Шояд, агар моҷарои коронавирус намехест, ин саҳифаи “эҷод”-и Билл Гейтс зери парда пинҳон мемонд. Албатта, Билл Гейтс аз ҷумлаи афроде нест, ки танҳо ба хотири пул даст ба коре занад. Ӯ стратег аст, пул барояш кор мекунад, на ӯ барои пул. Охирин баҳсе, ки миёни Никита Михалков, поп Гапон ва Познер сурат гирифт, гувоҳ аз он медиҳад, ки дурнамои сиёсати Билл Гейтс маншаъ аз ҷаласае мегирад, ки соли 2010 ба иштироки Рокфеллер, Ҷорҷ Сорос, Майкл Блумберг, Теда Тёрнер, Уоррен Баффет ва худи Билл Гейтс дар Ню- Йорк баргузор гашта буд. Ин маҳфили махфӣ Good Club (Маҳфили хубон) ном гирифт (рӯзномаи Guardian) ва мавзӯи он роҳи пешгирии зиёдшавии шумораи одамон дар рӯи замин арзёбӣ мешавад. Қудратҳои ҷаҳонӣ дарёфтанд, ки ҷанг роҳи кам кардани шумораи инсоният дар рӯи замин нест. Дар тӯли 41 соли ҷанг дар Афғонистон беш аз як миллион нобуд шуданд, ҷанги 9- солаи Сурия ҳамагӣ 383 000 одамро аз миён бурд. Ба ҳам барангехтани зангитаборону зарднажодон об дар ҳован кӯфтан баромад. Рӯзе мерасад, ки мардуми мусулмон ҳам бозичаи дасти дигарон будан, бемантиқ будани ҷанг миёни аҳли суннат ва ташаюъро дарк мекунанд (Худо ба он рӯз расонад!). Омӯзиши кайҳон низ барои кӯчонидани одамон ба сайёраи дигар натиҷае надод. Гумон меравад рӯй овардан ба ҷанги пинҳонпажӯҳонаи бактериологӣ, ки бадтарин ва касифтарин дар таърихи инсоният аст, натиҷаи ҳамин гуна омӯзишҳост. Истифодаи тиб — вирус низ аз ин ҷумла мебошад.

Боз рӯй меорем ба маърӯзаи Билл Гейтс «Таҷдид аз сифр» (дар бораи кам кардани ихроҷи СО2), ки соли 2010 дар Колифорния дар конференсияи махфӣ  ироа гашта буд: «Ба ҳисоби миёна ба ҳар одам 5 тонна оксиди карбон рост меояд. Мо бояд коре кунем, ки ин рақамро ба сифр расонем. Ин масъала дорои чор омил мебошад, ки якеи он зиёд будани шумораи одамон аст. Роҳи осони ҳалли ин мушкилот кам кардани шумораи онҳост. Дар дунё ҳоло 6,8 миллиард одам зиндагонӣ доранд ва ин рақам метавонад ба 9 миллиард расад. Агар мо корро дар самти ихтирои ваксина ва рушди хизматрасонӣ дар самти беҳдошти репродуктивӣ ба роҳ монем, ин шумораро метавон 10-15 фоиз кам кард».

Барои ҷаҳони сеюм пешбинӣ шудани ваксина ҳам холӣ аз маънӣ нест. Дар Африка ва Ҳиндустон натиҷаҳои он чун оина рӯшан аст. Лаззати онро дар Тоҷикистон низ чашидаанд.

Бармегардем ба коронавирус. Профессори Коллеҷи империяи Лондон Нил Фергюсон чанде пеш изҳор намуд, ки ин вабо мисли гриппи испанӣ, ки  соли 2018 сабабгори фавти қариб  50 ҳазор кас гашта буд, марговар аст. Ва дар як вақт аз Маркази амнияти беҳдоштии Ҷон Хопкинс Том Ингдеби роҳи ҳалли ин мушкилотро пешниҳод мекунад. Ӯ изҳор мекунад, ки «Мушкилоте ба миён меоянд, ки онҳоро фақат муштаракон бо ширкатҳои бузург ва давлатҳо  метавон ҳал кард». Дар ин замина «Рӯйдоди 201» дар тақвияти ҷаҳонишавӣ (глобализм) ҳамчун позаҳр ҷиҳати мубориза бар зидди ин вабо чанд пешниҳоде ба миён мегузорад.  Дар қатори пешниҳодҳои зиёд, ки мақсадашон истифода аз имконоти давлатҳою ширкатҳост, аз ҷумла омадааст: «Давлатҳоро зарур аст, ки дар давраи пандемия барои истеҳсоли ваксин, дору, таҷҳизоти ташхисӣ, захираҳо ва имконоти худро дар ихтиёр гузоранд». Дар ихтиёри кӣ во гузоштан чун оина равшан аст.

Дар ин миён моҷарое, ки дар Русия баъд аз пахши барномаи «Бесогон» бархост, гӯё дар кушодани кӯргиреҳи коронавирус сабукие ба бор овард. Ҳадаф аз коронавирус дар баробари ба даст овардани сармояи бузург аз ҳисоби ваксина ва доруворӣ, таҳти идораи як маркази муташаккил қарор додани инсоният аст.  Яъне, воҳимаи коронавирус зарурати истеҳсоли ваксинаро ба миён меорад. Ваксина аз ҳисоби захираҳои давлатҳо ва ширкатҳои бузург истеҳсол ва  тақсим мешавад. Дар ин миён, албатта, барангехтани воҳима бо таҳдиди такроран авҷ гирифтани коронавирус ногузир мешавад. Дунёи ба воҳима афтода чун урдуи бенизом барои гирифтани ваксина саф меорояд. Ана, дар ҳамин лаҳза масъалаи чипонидани одамон, — мегӯяд Никита Михалков, ба миён меояд. Дар баробари ваксина ба бадани инсон микрочип ворид карда мешавад. Шояд ин афсона аст, аммо як  физике, ки бо ӯ ҳамсуҳбат шудам, изҳор намуд, ки транзисторҳои ҳаҷмашон ба андозаи ангушти радиоро иваз намудани чипҳои кӯчак, ки ҳар кадомашон садҳо миллион транзисторҳо дар худ ҷой кардаанд,   низ замоне афсона буд. Агар мақсад гузоред, афсона ба ҳақиқат табдил меёбад.

 Барои иштирокчиёни анҷумани Ню-Йорк,- менависад Рамблер, -бозичаи нармеро дар шакли коронавирус туҳфа кардан беҳадаф набуд. Ба як миллиард расонидани шумораи аҳолии ҳафтмиллиардаи рӯи Замин, аҳдофи афродест, ки бо пинҳонпижӯҳӣ коронавирусро «ихтироъ» карданд. Баъд аз он ки ин тӯда ба ҳадаф расиданд, чӣ одамоне дар рӯи замин боқӣ хоҳанд монд? Аз рӯи кадом меъёр онҳо аз ғалбер гузаронида мешаванд? Хулосаҳо бар он меоранд, ки ду тоифа одамон дар шумули як миллиард интихобшудагон боқӣ хоҳанд монд: одамони эҷодкор (креативний) ва дорои тафаккури соҳибнизом  (системное мишление).

Тақдири тоҷикон чӣ хоҳад шуд? Даме ки мо нисбати ин ду тоифа одамон бетафовут ҳастем!

Шариф Ҳамдампур

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *