Амрико марзи Тоҷикистонро мустаҳкам мекунад

Сафорати Амрико дар Душанбе дар доираи кумак ба Тоҷикистон ба Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ баҳри мустаҳкам намудани марзҳои давлатӣ 20 автомашинаи навъи ҷип тақдим намуд.

Мошинҳои дорои арзиши 1,4 млн доллар ба нерӯҳои таъиноти махсуси Вазорати мудофиа имкон медиҳанд, ки дар манотиқи душворгузари марз амалиёт анҷом диҳанд.

Сафири ИМА Ҷон Марк Поммершайм ва генерал-майор Хусрав Бобозода, муовини вазири мудофиа оид ба технология ва таъминот, 5 октябр дар маросими супурдани мошинҳои сабукрави бисёрҳадафа иштирок карданд.

“Ин кумаки хайрия як мисоли дастгириест, ки мо ба Тоҷикистон барои таъмини амнияти марзҳо мерасонем. Мо аз Тоҷикистон барои ҳамкории зич дар соҳаи амнияти марзҳо миннатдорем ва аз дастовардҳои муштараки худ ифтихор мекунем. Мо дар мубориза бар зидди терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва паҳншавии аслиҳаи ҳастаӣ шарик мемонем. Вақте ки мо якҷоя кор мекунем, қавитар мешавем”,- изҳор дошт зимни суханронӣ дар маросим сафир Поммершайм.

Аз соли 1992 инҷониб Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 330 млн доллар кумаки низомӣ расондааст. Ин кумак омӯзиш, таҷҳизот ва инфрасохторро дар бар мегирад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *