Чаро дар ин роҳ акси бунёдгузораш нест?

Корвони мошинҳои боркаш мисли паҳлавонони азимҷусса, ки солор-солор қадам мезананд, пеш медаванд. Ин манзара   тирамоҳи соли 1998-и  ағбаи Хобуработро пеши назарам овард.  Бо нависандаи рус Александр Росляков сафари Помир доштем. Ҳангоми бозгашт ҳаво тағйир ёфт ва мо як ҳафта дар Хоруғ мондем. Ӯ саросема буд. Ҳар чӣ зудтар мебоист ба Маскав равад. Ба чанд мақомот занг задем.

Маълумотҳо  тасаллибахш набуданд: боду ҳаво номусоид, дарвозаи Рӯшон абрпӯш. «Чанд ҳафта шояд самолёт нашавад»,- гуфтанд. Тасмим гирифтем  тавассути мошин ба Душанбе равем. Ба роҳ баромадем. Шамоли сард мевазид.  Аҳён-аҳён мошин мегузашт. Ним рӯз сипарӣ шуд. Хабар расид, ки дар ағбаи Хобуработ барф меборад. Ин хабар ҳам ба дӯсти борҷомадарпуштам Александр кора накард. «Санг ҳам борад, меравем», —  гуфт.

 Нимаи дуюми рӯз УАЗ-ике назди мо таваққуф кард. Ронанда гуфт, ки то Дарвоз меравад. Мо  савор шудем. Роҳ тӯлонӣ ва ноҳамвор буд. Ҷо-ҷо борони сел роҳу сойчаҳоро шуста буд. Аз бардорузани мошин  хастаю  лакот хуфтан ба  Дарвоз расидем. Дар меҳмонхона  ба ҷуз қаровули нуронии сафедриши қоматбаланд касеро пайдо накардем.   Меҳмонхона сард буд.  Эҳсос мешуд, ки мӯйсафед  аз набудани шароит дар меҳмонхона  хиҷолат мекашид,   гаштаю баргашта узр мепурсид: «Шаш моҳ ҳол ҳамин аст. Ҳамин ки ағбаи Хобуработ баста шуд, рафтуомад қатъ мегардад,  зиндагӣ дар Бадахшон мемирад».

Суханони пирамард ҷон дошт. Дари ошхонаю чойхонаро  қулфзада дарёфтем.  Зери садои Панҷи ноором  шабро сипарӣ кардем.  Субҳ барвақт ба роҳ баромадем. Дар Қалъаихумб зарра-зарра барф меборид. «Ағба хатарнок», — гуфтанд. Александр изҳор намуд, ки агар пиёда ҳам бошад, ӯ худро бояд ба Душанбе расонад. Назди кормандони нозироти бехатарии роҳ омадем. Худро муаррифӣ кардем, гуфтем, ки рӯзноманигор ҳастем, бояд ба Душанбе равем.  Нимаи дуюми рӯз як мошини КРАЗ пайдо шуд. Он марбути «Роғунсохтмон» будааст . Нозири роҳ ба ронанда чизе гуфт ва ҷониби мо ишора кард, ки савор шавем. Мо худро ба кабина гирифтем. Хурсандии Александр ҳадду канор надошт. КРАЗ наъракашон аз ҷой ҷунбид. Пас аз лаҳзае Қалъаихумб паси сар монд. Дар ду тарафи роҳ аллакай барф  хоб карда буд. Ҷо-ҷо мошинҳо канори роҳ истода, ба мошинҳои аз поён меомада роҳ медоданд. Қарибии сари  ағба қади барф  то нисфи кабинаи мошин  расид. Ҷон зери хатар говгум  ағбаро баромадем.  Гумон доштем, ки бо фатҳи ағба  мушкилотамон паси сар мемонад. Вале ҳайҳот. Ҳикмати тамсили мардумиро дар вуҷуди худ дарк кардем:  Аз шутур мепурсанд:

— Бароз хуб аст ё фароз?

Шутур сар ҷунбонида посух медиҳад:

— Лаънат ба ҳар ду.

Роҳ ях баста буд.  Суръати мо ҳаракати хари зери бормондаро пеши назар меовард. Барои роҳ додан ба мошини муқобил ронандаи мо  тормозро пахш кард. Мошин сӯйи ҷар ҳавола хӯрд. Дар талоши ҷон ману Александр худро ба дар задем. Ҳамин дам ду чархи пеши мошин аз ҷарӣ овезон шуд. Дар рӯйи ронанда хун намонда буд. Ба Александр нигоҳ кардам. Чашмонаш аз косахонаи сараш баромада буданд.

Баъдтар Александр Росляков ин манзараро дар як хотирааш  тасвир карда, менависад: «Ин лаҳзаро, ки миёни марг ва зиндагӣ қарор доштам, якумр фаромӯш намекунам».

Ман ин ҳодисаи бист сол пеш  суратгирифтаро ба Ориф қисса мекунам ва ба   роҳи ҳамвори қирпӯши Оби Ниёб- Зиғар менигарам. Понздаҳ сол қабл он вуҷуд надошт, бунёди чунин роҳи қирпӯши муосирро кас тасаввур ҳам намекард. Табиати инсон чунин  аст, ки гузаштаро зуд фаромӯш мекунад, ҳарчанд ки он ибратомӯз мебошад. Некиро билхоса . Мошини мо чун бод медавад. Ба ин роҳ, ки меваи истиқлолият аст, менигараму онро бо роҳҳои Бадахшон дар замони давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ муқоиса мекунам. Замину осмон. Ҳар қадар ба Дарвоз наздиктар мешудем, ҳайрати ман бештар мегардид. Дар сойҳои селзада кӯпрукҳо қомат меафрохтанд, пулҳои боҳашамати рӯйи дарёи Панҷ ду соҳили аз ҳам ҷудогаштаро мепайвастанд. Дар як тарафи соҳил мошинҳои мусофирбару боркаш суръати шамолро доштанд, дар соҳили дигар харсавору пиёда роҳ мепаймуданд. Дар як тарафи соҳил истироҳатгоҳҳою хонаҳои пухтахишти андулинпӯш сӯйи осмон қомат рост мекарданд, дар соҳили дигар хонаҳои лойини бе тиреза ба ҳоли соҳибонашон мегиристанд. Чашми духтарони чодарпӯши мактабхони афғон ба аксбардории мо меафтад. Онҳо аввал  бо табассум ва сипас ба атроф нигариста, аз ҳарос мисли сангпушт сар зери  сарпӯш – чодари сиёҳашон мекашанд. Ғарқи тамошои ин манзара будам, аз магнитофони мошин устод Мирзо Турсунзода шеъри «Қиссаи Ҳиндустон»- ро қироат мекарданд.  Ориф танҳо ду адиб – устодон Садриддин Айнӣ ва  Мирзо Турсунзодаро мепарастид. Шояд ба ин хотир буд, ки тамоми роҳ аз мошин садои шеърхонияш  ба атроф танин меандохт. Садои «мошинро дор»-и Ориф риштаи хаёли маро барканд.

Аз мошин поён шудем. Дар сари роҳ навиштаҷоти «Гулдара» ба чашм мерасид. Ӯ маро назди он навиштаҷот даъват кард ва гуфт:

— Бубин, чӣ гуна Девдара ба Гулдара табдил ёфт.

Ман шурӯъ ба аксбардорӣ кардам. Кӯҳи осмонбӯси хоро ҷуссаи бузургашро ба дара андохта буд. Роҳи қирпӯш дили онро бурида, мошинҳоро ҷониби Хоруғ ва аз Хоруғ ҷониби Душанбе мебурд. Ҳайрати ман андоза надошт. Ҳамин аст ба нохун роҳ аз хоро буридан. Кӯҳро аз қулла ба поён тарошида буданд.

Аз  дидани ин манзара воқеан ақли инсон дар шигифт мемонад. 

Замони шӯравӣ кӯшише дар кушодани роҳ шуда буд. Вале он об дар ҳован кӯфтанро мемонд. Овезон будани кӯҳ, сахтии он, дар соҳили дигар қарор доштани деҳоти Афғонистон роҳ аз дили ин кӯҳ буриданро имконнопазир гардонида буданд.

 Соли 1993 Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмонов масъалаи сохтмони роҳи Шоҳон – Зиғарро ба миён мегузорад. Ҳама дар ҳайрат мешаванд. Магар ин имконпазир аст? Роҳе, ки давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ натавонист сохтан магар давлати навбунёди ғарқи ҷанги шаҳрвандӣ, ки ҳанӯз фардояш норӯшану душманонаш дар ғами тақсим кардани хокаш буданд, метавонад  бунёд кунад? Ангушти ҳайрат газидан дар пеш буд. Он дам ҳама инро хаёли хом медонистанд.  Вале Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмонов дар азми худ устувор буд.

Соли 1993 аввалин маблағ 52000 сомонӣ барои сохтмони роҳ ҷудо мегардад. Аз як тараф садои тир, аз ҷониби дигар садои белу каланд ва техникаи «Мотоспетсстрой»-и Вазорати нақлиёт ва сохтмони роҳ баланд мешавад. Маблағ шояд фатире ҳам   аз нӯги хамир набуд. Аммо мақсад нек ва ҳадаф бузург буд. Бояд раги кандагаштаи ҷисми маҷруҳи Тоҷикистон пайванд мегашт. Сохтмони роҳи 68- километраи Оби Ниёб –Зиғар, ки  Кӯлобро бо Хоруғ мепайваст, оғоз мегардад. Аввалин путки Фарҳод бар тани санги хорои Девдара фурӯ меояд.  Вале ин садо садоҳои дигарро ба бор меорад. Садои «Нагузоред минтақаҳои аз ҳам ҷудои Тоҷикистон ба ҳам пайваст шаванд!». Садои «Қудрати мо дар парешонии тоҷикон аст!». Садои «Ба  сари по хестани ворисони аҳли Сомон  роҳ надиҳед!».  Ва ба ҳамаи ин садоҳо садои дигаре даромехт: «Садои шикофтани кӯҳу таркиши он оромии моро халалдор ва хонаҳои моро валангор месозанд!». Ин садо аз соҳили дигари ноороми дарёи хурӯшони Панҷ ба гӯш мерасид. Аз паси ин садо ҷониби роҳсозон овози тир баланд мешавад. Вале талоши таъмини якпорчагии Тоҷикистону ваҳдати миллат куҷо ҳаросе аз ин садоҳо дошт. Ақиб гаштан он рӯз чун имрӯз  даст боло кардан буд. Роҳи бозгашт вуҷуд надошт. Роҳсозон инро на танҳо аз суханони Эмомалӣ Раҳмон, балки аз нигоҳаш, чеҳрааш, ҳаракаташ дарк мекарданд. Ин ба онҳо ҷуръат, матонат ва қувват мебахшид. 16 километри роҳи Оби Ниёби Шӯрообод — Зиғари Дарвоз   кӯҳ буд. Кӯҳи овезон. Кӯҳҳое, ки наҷоти Тоҷикистон дар  шикофтани он буд. Он замон шояд ҳама дар андешаи он буданд, ки ин роҳ танҳо ба хотири чор фасли сол канда нагаштани Диёри домани гардун бо пойтахти кишвар бошад. Шояд чунин ҳам буд. Аммо  ҳадафҳои стратегии Сарвари давлат – пайвастан  бо Чин,  дар бандубасти коммуникатсионӣ қарор нагирифтан баъдтар рӯшан мегарданд. Феврали соли 1999  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  роҳи Шоҳон –Зиғарро мекушояд. Аввалин мошин аз Девдара, ки ба Гулдара табдил меёбад, убур мекунад.

Дар ин ҷамъомад садои хурсандии мардуми Бадахшон, ки баёнгари розу ниёзи мардуми Тоҷикистон буданд, зери навои  дарёи Панҷ баланд мешаванд ва ба кӯҳҳои осмонбӯси ин диёр мепечанд:

— Шумо қаҳрамони халқи тоҷик ҳастед!

Аз гӯшае ба кӯҳи бо нохун тарошидаи Гулдара назар меафканам ва масали «Илм дар кӯдакӣ – нақш дар санг» ба хотирам меояд. Нақш дар санг устувор ва чун ин кӯҳҳо барои ҳазорсолаҳост. Пас, чаро дар он  акси бунёдгузори роҳи ваҳдат Эмомалӣ Раҳмон нест?

Шариф Ҳамдампур

соли 2016 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *