Кушандаи Фаҳими Даштӣ ва генерал Довуд маълум шуд

Фаҳими Даштӣ ва ҷияни Аҳмадшоҳи Масъудро кӣ кушт: “Толибон” ё бесарнишинҳои Покистон?

Қаблан манобеъ се фарзияи кушта шудани Фаҳими Даштӣ ва генерал Вадудхон, ду чеҳраи боризи Ҷабҳаи муқовиматро пеш оварда буданд. Яке ин, ки онҳоро асирони толиб инфиҷор дода буданд, дуввум, мошини онҳо ҳадафи тӯпи “Толибон*” шудааст ва сеюм, онҳоро тайёраҳои бесарнишини артиши Покистон аз байн бурдаанд.

Маъмун ин фарзияҳоро рад карда гуфт, “Толибон*” аслан дар соҳа ҳузур надоштанд ва нерӯҳои онҳо ба Даштак, маҳалли ҳузури Даштӣ ва Вадудхон наздик набуданд ва наметавонистанд онҳоро бинанду ҳадаф гиранд.

“Тайёраҳои бесарнишин фақат соҳоти хатти ҷабҳаро ҳадаф гирифтанд. Қазия аз ҳамин қарор буд, ки гуфтам. Бесарнишинҳо пас аз ин моҷаро мавозеъи сарикуҳӣ ва силоҳҳои сангини ҷанговарони муқовиматро дар баландиҳо зери бамборон гирифта, роҳи қувваҳои ҳашарии “Толибон*” тариқи роҳи қиршуда ба сӯи Оноба, Товох, Замонкӯр ва Даштакро боз карданд”, — гуфт Раззоқи Маъмун.

Бо таъйид шудани ин хабар аз ду манбаъ ин дуввумин мавридест, ки байрақи “Толибон*” дар Панҷшер аз сӯи худи панҷшериҳо боло мешавад. 3 сентябр чанд чеҳраи матраҳи вулусволии Париён аввалин байрақи “Толибон*” дар Панҷшерро боло карда буданд.

Ҷуръат кист?

Генерал Динмуҳаммади Ҷуръат, зодаи Панҷшер аст, ки дар замони ҷиҳод аз фармондеҳони раддаи дуввуми Аҳмадшоҳи Масъуд буд. Пас аз суқути “Толибон*” ӯ сардори Раёсати амнияти дохилии вазорати корҳои дохилии Афғонистон таъйин шуд. Баъдтар аз кори расмӣ канор рафта, як ширкати хусусии муҳофизатиро таъсис дод, ки яке аз муштариёнаш Созмони миллали муттаҳид буд. Дертар то вазифаи мушовири раисҷумҳур Ашраф Ғанӣ ва муовини дафтари Шӯрои амнияти миллии Афғонистон расид.

Соли 2018 Ашраф Ғанӣ ӯро аз ҳарду симмат барканор кард. Як дафъа ҳам ба хонааш нерӯҳои амниятиро фиристод ва хонаи ӯро муҳосира кард, то силоҳу “ҳомвей” – ҳои давлатро супорад, ки бо дахолати панҷшериҳои маъруфе, назири Юнус Қонунӣ ва Бисмиллоҳхон, муваффақ нашуд.

Чанд соли охир ӯ раиси Шӯрои олии Панҷшер ва раҳбари як созмоне ба номи «Раванди ҳифозат аз арзишҳои ҷиҳоду муқовимати мардуми Афғонистон» буд.

“Ҷосус” – и Покистон

Раззоқи Маъмун мегӯяд, генерал Ҷуръат аз даҳ соли пеш равобити худро бо ISI – Созмони истихбороти Покистон ба роҳ монд ва як далели маҳрум шуданаш аз марҳаматҳои Ғанӣ ошкор шудани ин равобити номашруъ ва ҷосусонаи ӯ буд.

“Ҷуръат қаблан ба “Сипоҳи қудс” — и Эрон вобаста буд ва мустамарӣ — ҳақмузд дарёфт мекард. Аммо замоне, ки Ҷабҳаи миллӣ ба раҳбарии Устод Раббонӣ муддате кӯтоҳ дар Кобул шакл гирифт, “Сипоҳи Қудс” аз ӯ хост, ки бо ин ҷабҳа кор кунад. Аммо Ҷуръат ба ISI пайваст”, — гуфт Раззоқи Маъмун.

Ин рӯзноманигори маъруф мегӯяд, хонаи генерал Ҷуръат канори сафорати Покистон дар Кобул аст ва он чӣ пас аз омадани “Толибон*” ба Кобул ҷолиби диққат аст, як намоиши “Толибон*” — и хашин дар телевизиони «Афғонистон» аст, ки марбути ӯст.

“Ӯ бо ин намоиш хост худро дар миёни нерӯҳои зиддитолиб рушд диҳад ва паём фиристад, ки “Толибон*” бо ӯ чандон гузораи хуб надоранд”, — гуфт Маъмун.

Нафари “Толибон”

Вай генерал Ҷуръатро аз кадрҳои муҳими ISI меҳисобад, ки ҳоло маъмурият дорад бо “Толибон*” ҳамкорӣ кунад ва дар муқобили мардуми худ – панҷшериҳо қарор гирад.

“Толибон*” пеш аз ин Мавлавӣ Оғомир, фарзанди Ғулом, толиби дигари панҷшериро волии Панҷшер гузина карда буданд. Ҳоло Мавлавӣ Абдуалӣ, як сокини Париёни Панҷшерро низ гузина кардаанд. Аммо баъд аз ишғоли Кобул ISI сахт дар талош аст, то генерал Ҷуръат ба ҳайси волии Панҷшер муаррифӣ шавад. Аммо “Шабакаи Ҳаққонӣ” бо гузиниши вай ба ҳайси волии “Толибон*” дар Панҷшер мухолифат дорад. Куштори Даштиву Вадудхонро зоҳиран корномаи ӯ барои барҷаста шудан пеши ISI – у “Толибон*” ва расиданаш ба мақоми вилояти Панҷшер аст”, — гуфт Раззоқи Маъмун.

Дар ҳамин ҳол, генерал Ҷуръат танҳо нафар аз собиқ ҳамразмони Аҳмадшоҳи Масъуд ва панҷшериёни маъруфи Афғонистон нест, ки бо “Толибон*” ҳамкорӣ мекунад. Ҳоло Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои мусолиҳаи миллии Афғонистон ва Фаҳим Адиб, писари маршал Қасим Фаҳим, низ дар Кобул дар канори ин гуруҳ қарор гирифтаанд, ҳарчанд то ба ҳол ҳеч яке аланӣ аз онҳо ҳимоят накардааст. Раззоқи Маъмун дар гузашта аз равобити маршал Фаҳим бо “Толибон*” ва ISI – и Покистон низ гузоришҳо нашр карда буд.

Рӯзноманигори маъруф мегӯяд, худ замоне ҳимояти зиёде аз генерал Ҷуръат кардааст, аз ҳамин сабаб, шоҳиди инҳироф ва пайвандиаш бо истихбороти Эрону Покистон будааст.

“Ин одамро Омир соҳиб Масъуд дар замони муқовимат бисёр бад медид ва ҳаргиз иҷоза намедод наздикаш биёяд. Ӯро хуб шинохта буд. Ҳоло 3 зан дорад. Дузд ва қочоқбари маъруф аст ва бо мафияи қочоқи маводи мухаддир дар Осиёи Миёна кор мекунад. Ман шахсан шоҳид будам, ки бастаҳои аслиҳа ва маводи мухаддирро ба сарҳадоти шимолӣ бо мошини худ интиқол медод. Писаронаш ва худаш ба маводи мухаддир сару кор доранд ва худи вай пулпараст ва одамкуши ҳирфаӣ аст”, — гуфт ӯ.

Раззоқи Маъмун, рӯзноманигор ва нависандаи маъруфи Афғонистон, панҷшерии зодаи Кобул, дар замони ҳукумати Устод Раббонӣ сармуҳаррири “Ҳафтаномаи Кобул” буд, ки Фаҳими Даштӣ аз кормандонаш буд.

Вай баъдтар дар радиои “Озодӣ” ва телевизиони “Тулӯъ” фаъолият намуда, соли 2011 ба хотири таҳқиқоташ оид ба  террори Аҳмадшоҳи Масъуд мавриди ҳамла қарор гирифт ва Афғонистонро ба қасди Ҳиндустон тарк кард. Ҳоло дар Австралия зиндагӣ ва сомонаи “Гузоришномаи Афғонистон” – ро мудирият мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *