Муҳаммад Ғоиб: Шариф Ҳамдампур баробари қаҳрамонҳояш дар таърих мемонад
12-уми апрел дар толори барҳавои Китобхонаи миллии Тоҷикистон рӯнамоии китобҳои тозанашри журналист, публитсист, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Тоҷикистон” Шариф Ҳамдампур доир гардид.
Дар маҳфили мазкур адибон, олимон, ходимон ва донишҷӯён ширкат варзиданд. Нахуст Сангин Гулов, устоди факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, маҳфилро оғоз бахшида, китобҳои “Тоҷикон дар суҳбати Ғафуров бо Сталин” ва “Чунин гуфт оне, ки буду оне, ки ҳаст”, ки ба муаллиф Шариф Ҳамдампур марбут аст, муаррифӣ кард. Мавсуф қайд кард, ки Шариф Ҳамдампур яке аз муваффақтарин журналистони Тоҷикистон буда, роҳбарии чанд расонаро ба ӯҳда дорад. Ӯ маҳорати хуби мусоҳибаороӣ дошта, публитсисти варзида низ мебошад.
Китоби Шариф Ҳамдампур “Тоҷикон дар суҳбати Ғафуров бо Сталин” соли 2018 тариқи нашриёти “Ирфон” ба нашр расидааст. Дар ин китоб лаҳзаҳо аз рӯзгори Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров оварда шудааст. Муаллифи китоб онҳоро аз хотираҳои ҳамкорон, ҳамнишинон, ҳамсафарон, наздикони Бобоҷон Ғафуров ва бойгониҳо тӯли солҳои гуногун ҷамъоварӣ намудааст. Ин лаҳзаҳо на танҳо чеҳраи фарзонафарзанди дар сарнавишти халқи тоҷик нақши созандадоштаро боз мекунанд, балки парда аз рӯи ҳақиқати таърих мебардоранд.
Китоби дигар бо номи “Чунин гуфт оне, ки буду оне, ки ҳаст” гулчини мусоҳибаҳои муаллифро, ки давоми солҳои гуногун омода шудааст, фаро мегирад. Дар ин китоб суҳбатҳои муаллиф бо чеҳраҳои намоёни сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангӣ, ки солҳои гуногун анҷом додааст, гирд оварда шудаанд. Он ба хонанда имкон медиҳад, ки маълумот аз вазъи даврони зиндагии ҳамсуҳбатон, нигоҳ ва нақши онон дар шакли гирифтани афкори ҷомеа, сиёсат, иқтисод, адабиёту фарҳанг пайдо кунанд. Китоб ба рӯзноманигорон ва қаламкашон, махсусан онҳое, ки дар жанри мусоҳиба худро меозмоянд, ҳамчун мактаби хуби эҷодӣ ва раҳнамо хизмат мекунад.
-Дар бораи Бобоҷон Ғафуров бисёр навиштаанд, вале тавассути ин китоб мо Ғафуровро аз нигоҳи як пажуҳишгар мешиносем, ки кӯшиш намудааст дар такя ба сарчашмаҳои таърихӣ хизматҳои Ғафуровро барои миллати тоҷик воқеъбинона инъикос намояд. Бурди муаллиф дар он аст, ки танҳо бо маълумотҳои сарчашмаҳои таърихӣ қаноат накарда, талош ва ковишҳои худро идома додааст, бо шахсиятҳое, ки Бобоҷон Ғафуровро аз наздик мешинохтанд, суҳбат намуда, як асари бисёр пурарзиш иншо намудааст,-таъкид намуд Сангин Гулов.
Доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдунабӣ Сатторзода зимни суханронии худ аз давраҳои ҷавонии муаллиф ёдовар шуда, гуфт:
“Шариф Ҳамдампур ҳанӯз аз даврони донишҷӯӣ ба таърихи халқи тоҷик ва корнамоиҳои фарзандони фарзонаи миллат, хоса Бобоҷон Ғафуров таваҷҷуҳи зиёд дошт ва аз ҳамон замонҳо ин мавзӯъро пайгирӣ мекард. Аён аст, ки ин асар натиҷаи заҳматҳои чандинсолаи муаллиф буда, дар бадали солиёни зиёд Ҳамдампур гаштаву баргашта чандин маъхазҳои таърихиро такорӯ намудааст…”.
Дар идомаи рӯнамоӣ Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба сухан баромада, чунин қайд кард:
-Суҳбатҳое, ки дар атрофи миллати тоҷик, тоҷикият, ҳисси худшиносию худогоҳии миллӣ Шариф Ҳамдампур анҷом додааст, дар ҳақиқат барои тарбияи насли ҷавони кишвар, дар рӯҳияи арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ, арзишҳои миллии мардуми кишвар бисёр муҳим ва саривақтӣ аст. Фикр мекунам, он теъдоде, ки ин асарҳо нашр шудаанд, басанда нест. Имкон дорад, ки онҳоро ба шакли электронӣ ва ҷой додан дар шабакаҳои интернетӣ васеътар дар байни ҷомеа паҳн кард.
Муҳаммад Ғоиб, Шоири халқии Тоҷикистон, “Тоҷикон дар суҳбати Ғафуров бо Сталин”-ро беҳтарин асари таърихӣ номид ва афзуд:
-Аз номи китоб хулоса баровардан мумкин аст, ки он чизе, ки тақдим намешавад, Ватан аст, он тақвиме, ки кӯҳна намешавад, Ватан аст. Аз ин китоб даҳ китоби дигар офаридан мумкин. Шариф Ҳамдампур баробари қаҳрамонҳояш дар таърих мемонад.
Профессор Иброҳим Усмонов низ андешаҳои хешро иброз намуда, ду чизи асосиро оид ба китоб қайд кард:
— Китобҳои Шариф Ҳамдампур ва китобҳои ҳар касе, ки дар соҳаи журналистика чоп кардааст, исбот мекунанд, журналистика як соҳаи мустақили илм аст, як соҳаи мустақили эҷод аст, ки на адабиёт аст, на илм. Ин соҳаи сеюм аст, дар ҳамин ҳунар аст. Ҳунарест, ки барои имрӯз ва барои фардо ҳамчун манбаи таърихӣ даркор. Адабиёт ҳамчун адабиёт, илм ҳамчун илм, публитсистика ҳамчун сухани рӯз барои сиёсат даркор ва фардо барои маркази илмӣ даркор аст. Асарҳои Шариф Ҳамдампур дурустии ин ақидаро сад дар сад ифода мекунанд.
Дар идома профессор Иброҳим Усмонов доир ба китоби дигари Шариф Ҳамдампур чунин баҳо дод: “Муҳимтарин коре, ки шумо кардед, ин дар китоб нашр кардани суҳбати Бобоҷон Ғафуров бо Сталин аст. Чаро? Чунки дар ин суҳбат Сталин гуфтаи Бобоҷон Ғафуровро дар бораи он ки мардуми тоҷик қадимтарин мардуми Осиёи Миёна ҳастанд, ифода кардааст. Шумо гуфтед, ки Сталин дастгирӣ кард. Барои ин ба шумо ҳазор раҳмат!
Журналист Раҷаб Мирзо бобати маҳорати нигорандагии Шариф Ҳамдампур ҳарф зада, ёдовар шуд, ки мавсуф мушоҳидакориҳои ҷолиб дорад:
-Ҳар мусоҳиба бо шаклҳои гуногун оғоз мешаванд. Ба саволҳои зиёди таърихӣ ҷавоб мегӯяд. Ин китоб барои донишҷӯёни шуъба ва факултети журналистика як дастури хуби таълимӣ аст.
Ман интизор будам, ки ин гуна маҳфилҳо дар доираи васеътар сурат гирад, аз ҷумла, бо иштироки донишҷӯёни риштаи журналистӣ, зеро онҳо воқеан ҳам, бубинанд, ки оё он чизеро, ки навиштанд, дар кадом ҳолат китоб кардан имконпазир аст.
Дар идомаи рӯнамоӣ сиёсатшинос Сайфулло Сафаров зикр намуд, ки дар китоби “Чунин гуфт оне, ки буду оне, ки ҳаст” давраҳои соҳибистиқолии кишвар инъикос шудааст. Дар ин китоб нуқтаи назари президентҳо, сарвазирҳо ва шахсиятҳои таърихӣ ҷамъоварӣ шудаанд.
Дар охир муаллифи китобҳои “Тоҷикон дар суҳбати Ғафуров бо Сталин” ва “Чунин гуфт оне, ки буду оне, ки ҳаст” Шариф Ҳамдапур тамоми меҳмононро хушомадед гуфта, иброз дошт, ки ин мафҳил дар партави озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи донои китоб аст” гузаронда шуд. Ҳамчунин, мавсуф иброз дошт, ки “Ман ҳамаи суханҳоямро дар сарсуханҳои китобҳо овардаам. Барои устувор сохтани таҳкурсии давлату давлатдории тоҷикон нақш хоҳем бозид. Ҳамсуҳбатони ман шахсиятҳои таърихӣ ҳастанд, онҳо таърихи миллат, намояндаи давру замони худ ҳастанд ва нуқтаи назари онҳо нисбат ба ҳамон замон ифода кардаанд, ки барои олимони минбаъд як маводи пурарзише хоҳад буд”.
Муаллиф изҳори умедворӣ намуд, ки китобҳои дигари худ, ҷилди дуюми мунтахаби мақола, очерк, гузоришҳо ва ҷилди сеюм сафарномаҳоро дар бар мегиранд, моҳҳои наздик ба дасти хонандагон хоҳад расид.
Аминҷон Раҳматзода, донишҷӯи ДМТ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ