«Русҳо миёнашонро мешикананд!». Ба Россия зарурати аз толибон наҷот додани ҳамсояҳо пеш меояд?
Шореҳи «АиФ» аз сарҳади Афғонистону Тоҷикистон дидан кард – вазъият басо муташанниҷ буда, чашми умеди бисёриҳо танҳо ба «бародари шимолист».
…Аз ҷониби Тоҷикистон маҳаллаи афғонии Шерхон-Бандар возеҳ намудор аст — то он ҳамагӣ 600 метр. «Баъзан аз он тараф тир парида меояд, — нақл мекунад афсари қушуни сарҳадии Тоҷикистон. – Толибон ҳамин ки нашъа кашиданд, суп-сурх девона шуда, тирпаронӣ мекунанд. Вале мо амр дорем, ки ҷавобан оташ накушоем». Дар мобайни пули мошингард «нозир»-и толибон – ҷавони навхате истода, ки болопуши (матои) сурх гирди сар печондааст. Ӯ мошинҳоро дар мобайни купрук таваққуф мекунонаду аз ронанда бо ваҷоҳати ҷиддӣ мепурсад: – Куҷо, меравӣ, чаро? Дар гузаргоҳи «Панҷи поин» сарҳади Тоҷикистон дар ҳолати омодабош аст. Аслиҳаи ҷангӣ, пулемётҳо, хандақҳо, истеҳкомҳои таҷҳизонида ба ин далолат мекунанд. «Мо дар ҳолати сарҳадшиканӣ омода ҳастем, ки аз марзамон дифоъ кунем, — тавзеҳ медиҳад марзбон. – Намефаҳмӣ, ки минбаъд чиро чашмдор шавӣ».
Толибон Шерхон-Бандарро моҳи июн ишғол карданд, сарбозони ҳукуматӣ тавассути ҳамин купрук ба Тоҷикистон фирор карданд. Аз пасашон толибон оташ кушода, ду нафарро кушта, бисёриҳоро маҷрӯҳ намуданд. Ҳар рўз дар ҷониби афғонҳо садҳо гуреза ҷамъ омада, зорӣ мекунанд, ки иҷозат диҳанд ба ҳудуди ИДМ гузаранд. «Мо садди роҳ мешавем, — иқрор мешавад афсар. –миллионҳо вориди хоки мо мешаванд». Вазъияти сарҳад хавфнок аст. Оё толибон ба Тоҷикистон зада медароянд? Оё рўзҳои наздик дар Россия фавҷи гурезаҳоро интизор шуд? Аз ин хусус – дар гузориши шореҳи «АиФ».
«Ҳаво бўйи ҷиҳод мекунад»
…Дар ибтидо, вақте толибон ба марз хеле наздик омаданд, мардуми маҳаллиро ваҳм гирифт. «Одамон тарсиданд, — мегӯяд сокини шаҳри Бохтар (яксоата роҳ аз Афғонистон) Сурайё Исмоилова. – Падару модарам маслиҳат карданд, ки бояд фавран хонаро фурухта, ҳарчи тезтар ба Душанбе кӯчид. Ба он ҷо, мабодо ягон ҳодиса шавад, «Толибон» ба зудӣ намерасанд. Баъд хотирҷамъ шудем, албатта пурра не. Толибон девонаанду ҳар нағма карданашон мумкин. Албатта, дар мо қушуни русҳо ҳаст, онҳо ба мо кумак мекунанд, ҳамаашонро зада пеш мекунем. Бо вуҷуди ин ҳарос ҷой дорад». Дар бозорҳои наздимарзӣ деҳқонҳо ҳамарўза гўё мисли телешоуҳои сиёсӣ радду бадали ахбор менамоянд: қўшуни толибон чӣ миқдор аст, оё онҳо дар ҳақиқат пурзўранд ва чӣ нақшаҳо доранд. Овозаҳои ба марз партофтани гурӯҳҳои вижаи «Толибон» ва террористони маргталаб, инчунин, изҳороти фармондеҳи дивизияи толибӣ Маҳдӣ Арслон паҳн карда мешаванд, ки чанде пеш аз омодагии гурӯҳҳояш ба зада даромадан ба Тоҷикистон гуфта буд. «Русҳо онаи зори онҳоро нишон медиҳанд! – бо дилпурӣ изҳор медорад соҳиби қаҳвахонаи хурде дар Бохтар Малика Турсунзодаева. – Аммо ҳамчун зан ман аз хавотирӣ ҷойи нишаст намеёбам. Ҳаво медонед, бўйи чӣ мекунад…Чӣ хел аниқтар гўям… Ҳо, бўи ҷиҳод мекунад».
«Русҳоро бад мебинанд»
…Пули марзӣ беодам аст. Пештар ба Афғонистон муттасил корвони мошинҳои пурбор равон буд – зеро кишвар худ хасе истеҳсол накарда, ҳама чиз, ҳатто соруҷ (симент) ро аз Тоҷикистон мехарад. Бо сари қудрат омадани толибон ҳаёт дар Шерхон-Бандар қатъ гашт – ҳаҷми савдо 80 (!) маротиба коҳиш ёфт. Ба воситаи марз танҳо таксиҳои қадимаи афғонӣ равуо дошта, он мусофирони ангуштшумореро мекашонанд, ки иҷозаи гузаштан гирифта тавонистанд. «Алъон дар Афғонистон ҳеҷ чиз нест – на пулу на кор ва ман комилан саргум задаам, ки чӣ тавр зиндагӣ кунам, — шиква мекунад таксирон Муҳаммад аз Шерхон-Бандар. – Бензинро фақат аз «сиёҳбозор» бо нархи гарон мехарам, хӯрокворӣ ҳар рўз қимат мешавад». Мусофири ў Насриддин ба Афғонистон бо аҳли оилааш равон аст. Аввал онҳо ҳангоми ҳуҷуми толибон аз кишвар фирор карда буданд. Ҳоло баргашта истодаанд. «Наметарсед?». «Метарсем. Аммо хонаю дар, волидонамон он ҷо…пулам тамом шуд, намедонам, чӣ кор кунам». «Муносибати толибон ба русҳо чӣ гуна аст?» «Бад».
«Россия барои онҳо русиёҳ аст»
…Марзбонони тоҷик дар бораи толибон чизҳои тамоман ногувор нақл мекунанд. «Онҳо ба одами солим ҳеҷ монанд нестанд. Мегӯянд, ки мусулмонанд, аммо агар бачаҳои мо намоз хонанд, онҳо ягон вақт намехонанд… намедонам, шояд аз зархаридон бошанд? Мутлақо китоб хонда наметавонанд, бесаводанд. Одамон ба гузаргоҳ бо шиноснома меоянд, толибон онро чаппа дошта «мехонанд», ба кадом саҳифааш, ки рост омад, муҳр мезананд. Ба қарибӣ шаҳрвандони афғонтабори Россия ва Украина аз ин гузаргох гузаштан хостанд. Толибон «украиниҳо»-ро рухсат доданд, аммо «русҳо»-ро намонданд. Гуфтанд, ки шумо душмани исломед, ба Русиёҳи худ равед. Ба қарибӣ мо он ҷо омада онаи зоратонро нишон медиҳем. Шумо медонед, «рӯсиёҳ» чӣ тарҷума мешавад? Одами сияҳрўй, ба маънои одами бад. Россияро толибон ана ҳамин тавр меноманд. Ҳама гуна тамосу иртиботи Россия бо «Толибон» дар Тоҷикистон боиси хавотирӣ мегардад. Одамонро фаҳмидан мумкин – онҳо гуё рӯйи лахча истодаанд. Тоҷикон тибқи манбаъҳои гуногун аз 27 то 46 дарсади аҳолии Афғонистонро ташкил медиҳанд, аммо дар ҳукумати нави толибон ягон тоҷик нест. Таҳдидҳои зада даромадан боиси асабонияти халқ мешавад, намояндаи вижаи президенти ФР оид ба Афғонистон Замир Кабуловро дар Тоҷикистон ошкоро бад мебинанд. «Ба хотири чӣ ў ба Путин Толибонро таъриф мекунад? – бо шиддат аз ман мепурсад муйсафеде аз Панҷи Поин. – Оё, шумо сарфаҳм рафтед, ки ин кирдори Кабулов бо чӣ сабабу ба кадом хотир аст!».
«Гуфтугу бо мард хатарнок аст»
…Ман назди «нозир»-и толибон ба мобайни пул меоям. Ба назар навраси понздаҳсола: силоҳ надорад, дар дасташ телефони тугмачадор. «Ассалом алейкум» — мегӯям ман, тибқи расми маҳаллӣ даст руи сина гузошта. «Ваалейкум ассалом» — бо лутф табассум мекунад вай. «Чӣ ном доред?». «Муҳим нест, ман сарбози исломам». Бо форсии шикаста мепурсамаш, ки мумкин аст панҷ дақиқа он тараф гузашта, бо толибони марзбон гуфтугу кардан. Ҳатто то охир нашунида, ба нишони рад сар меҷумбонад ва ғайричашмдошт бо русии шикаста ҷавоб медиҳад – «Гузаштан ҳа. Гап задан не». Мо боз таксирони аллакай шиносро бозмедорем ва хоҳиш мекунем хабар ба гузаргоҳи толибон расонад. Афсус, ў қатъиян ёрӣ додан нахост: «Не-не-не. Онҳо нархи сабзию пиёз напурсида, маро ҷонибдори русҳо гумон мекунанд. Не, аз бало ҳазар». Аз ду ронандаи минбаъда хоҳиш мекунам – айни ҳамон ҷавобро мешунавам. Эҳсос мешавад, ки мардуми Афғонистонро ваҳм сахт пахш карда, онҳо аз толибон қади аҷал метарсанд. «Ҳоло дар зимомдории онҳо гўё оромист, — мегӯяд Мадина, ки бо шавҳару кӯдакаш озими Афғонистон аст. – Хайр, рўй пушиданро талаб доранд, чӣ илоҷ, ман одат кардам. Асоосаш он ки дигар оташфишонӣ намекунанд. Бубахшед, аз ман дуртар равед, вагарна онҳо мебинанд, ки зан бо мард гап мезанад. Ин хавфнок аст». Марзбонон маъзарат мехоҳанд, ки бидуни мувофиқа бо гузаргоҳи толибон маро иҷозати он тарафи Афғонистон гузаштан дода наметавонанд.
«Гурезаҳо марзро фардо рахна мекунанд»
…»Мардум хавфу тарс дорад, лекин мо оромем», — мегӯяд ба ман бо русии равон афсари қушуни сарҳадии Тоҷикистон. – Барои радди ҳамлаи толибон ба қадри кофӣ сарбоз дорем, дар пуштамон бошад, Россияи тавоно. Ба фикри ман ҷанг намешавад, лекин гурезаҳо метавонанд, марзро рахна созанд. Агар мо саддҳо намегузоштем, аллакай худи пагоҳ даҳҳо ҳазор фирорӣ меомад». «Вазъият хавфнок, аммо дар паҳлуямон бародари шимолиямон — Россияи бузург истодаасту ба ин роҳ намедиҳад, — бо марзбонон ҳамфикр мешавад Бобоҷон Бобоҷонов – фермери 58-сола, ки лиму парвариш мекунад. Бешак, бесабаб нест дар назди сарҳад бо Афғонистон оғоз ёфтани машқҳои низомии кишварҳои аъзои Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД): дар меҳмонхонаи Бохтар ман афсаронро аз Арманистон, Беларус, Қазоқистон дидам. «Дар шумо ботил фикр мекунанд, ки Тоҷикистон дур асту бо онҳо чизе нахоҳад шуд, — таъкид мекунад марзбони тоҷик. – Маҳз аз ҳамин ҷо марзи Иттиҳоди Шӯравӣ мегузарад ва агар амиқтар андеша кунем, марзи Федератсиияи Россия. Мушкили гурезаҳо ва хатари толибонро беҳтараш дар ҳамин ҷо, ки алҳол онҳо ба Россия наомадаанд, бояд ҳал кард.
Георгий ЗОТОВ,
Панҷи поён-Бохтар (Тоҷикистон)
Тафсилоти бештар дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ