Сарбозони Тоҷикистон вориди Маскав шуданд

Сарбозони  артиши Тоҷикистон  барои иштирок дар гузашти низомӣ ба ифтихори 75-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ вориди Маскав шуданд.

Дар ин бора  Фаридун Маҳмадализода, сардори  Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар дод.  Қарор  аст, ки  гузашти низомӣ ба ифтихори 75-умин солгарди Ғалаба дар ҶБВ 24 июн дар пойтахти Русия-шаҳри Москва баргузор шавад.

«12 июн 75 нафар сарбозон аз Тоҷикистон, аз ҷумла курсантҳои Донишкадаи ҳарбии Вазорати  мудофиа, афсарон ва сарбозони  баталйони қаровули фахрии Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар  ба Москва фиристонда шуданд», — гуфт Маҳмадализода.

Аллакай  13 июн,  сарбозони тоҷик дар қатори дигар иштирокчиён омодагиҳои худро барои гузашти низомӣ оғоз  намудаанд. Фармондеҳи ин гурӯҳи низомиёни Тоҷикистон подполковник Файзимуҳаммад Ҳафиззода таъйин шудааст.

Ба гуфтаи манбаъ, омодагӣ ба гузашти низомӣ бо рияои чораҳои беҳдоштӣ сурат мегирад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *