Тақдири Гулнора Каримоваро духтари Мирзиёев «ҳал» мекунад
Дар шаҳри Тошканд имрӯзҳо тафтиши парвандаи нав зидди духтари калонии президенти пешини Ӯзбекистон Гулнора Каримова ҷараён дорад. Дар ин бора чанде пеш Додситонии кулли Ӯзбекистон иттилоъ дод.
Мақомоти Ӯзбекистон Гулнора Каримоваро, ки дар анҷоми чандин ҷиноят гумонбар аст, ин бор дар раҳбарии гуруҳи ҷиноӣ айбдор мекунанд.
Тафтиши парвандаи навро муфаттиш оид ба парвандаҳои махсуси Идораи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва коррупсияи Додситонии кулли Ӯзбекистон Расул Юлдошев раҳбарӣ мекунад.
12 декабр дар саҳифаи духтари Гулнора Каримова — Имон Каримова қарори Юлдошев аз 1 ноябри соли равон нашр шуд. Дар қарори муфаттиш омадааст, ки парвандаи духтари калонии президенти пешини Ӯзбекистон бо ҷалби мутахассисон аз идораҳои гуногуни давлатӣ ташхиси фарогир гузаронида шавад.
Ташхис бояд муайян кунад, ки дар натиҷаи моҷарои фасодкории марбут ба Каримова Ӯзбекистон чи қадар зарари маънавӣ ва иқтисодӣ дидааст.
Муфаттиш дар қарори худ дастур додааст, ки ташхиси мазкурро Оҷонси иттилоотӣ ва иртибототи назди президенти Ӯзбекистон анҷом диҳад. Бояд гуфт, яке аз раҳбарони ин оҷонс Саида Мирзиёева, духтари президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аст.
Дар қарор ҳамчунин омадааст, ки ба раванди ташхис мутахассисон аз вазоратхонаҳои энергетика, саноат, сармоягузорӣ, савдои хориҷӣ, умури дохилӣ ва Иттифоқи нависандагону Маркази омӯзиши афкори ом ҷалб карда шавад.
«Яъне, тақдири Гулнора Каримова ва ба анҷоми кадом ҷиноятҳо айбдор шудани ӯро духтари президенти Ӯзбекистон муайян хоҳад кард. Ин на танҳо бархурди манофеъ, балки нишонаи он аст, ки парвандаи Гулнора Каримова комилан ангезаи сиёсӣ дорад ва ҳадафи ниҳоӣ маҳви Гулнора Каримова аст», — навишта шудааст дар саҳифаи Имон Каримова.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ