Занони Афғонистон бар зидди Толибон эътироз карданд
Чанде аз занони Афғонистон алайҳи табъиз дар Кобул даст ба эътироз заданд
Дар шаҳри Кобул занони Афғонистон барои мавҷуд будани табъиз дар ҷомеа эътироз намуданд, хабар медиҳад РИА Новости.
Ин манбаъ меафзояд, занон дар даст шиорҳои «Зан инсон аст», «Мо гуруснаем», «Сукути СММ шармандагист», -ро гирифта барои изҳори нигаронии худ ба маркази ҷумҳурӣ гирдиҳамоӣ намуданд.
Гуфта мешавад. пас аз анҷоми муҳлати муқараршуда намояндагони «Толибон»* зуд занони эътирозгаро пароканда намуданд.
Эътирози занони Афғонистон бори нахуст набуда, пас аз сари қудрат омадани «Толибон» онҳо барои баста шудани макотибҳои духтарона ва манъи фаъолияти занон норизогии худро баён намудаанд.
Дар ин робита Президенти Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони чандин кишварҳо ҳам аз ҳукумати «Толибон»* талаб намудаанд, ки ҳукумати фарогир таъсис диҳанд ва ба нақзи ҳуқуқу озодиҳои занон даст назананд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ