Полковник Ҳалимов дар Мосул кушта шуд

Полковники фирорӣ  Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи ҷангҷӯёни ДИИШ ҳафтаи гузашта бар асари як ҳамлаи ҳавоӣ дар шаҳри Мосул кушта шудааст.

Бинобар гузориши нашрияи бритониёии «Times » бо такя ба манобеи низомии Ироқ,  полковник Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи собиқи ОМОН – воҳиди махсуси вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва нафаре, ки «вазири ҷанг”-и созмони тундрави ДИИШ («Давлати исломӣ”) ном бурда мешуд, дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоӣ кушта шудааст.

Як манбаъ дар мақомоти низомии Ироқ ба «Times» гуфтааст, ҳамлаи мушакии ҳафтаи гузашта ба маҳаллаи «17 июл” дар ғарби Мосул алакай сеюмин ҳамлае буд, ки маҳз Гулмурод Ҳалимовро ба ҳадаф дошт. Маҳаллаи «17 июл” яке аз паноҳгоҳҳои охирин ангуштшумор дар шаҳри Мосул аст, ки аксари фармондеҳи аршади ДИИШ ва аъзои даҳҳо хонаводаи ҷангҷӯёни ин созмонии тундрав дар ҳаминҷо паноҳ мебаранд.

Ба гуфтаи манбаи «Times», Гулмурод Ҳалимов масъулияти ташкили мудофиаи ҷангҷӯён дар ҷабҳаи Мосулро бар ӯҳда дошт ва дар пушти садҳо ҳамла бо мошинҳои бомбгузоришуда ба зидди нирӯҳои эътилоф маҳз ҳамин афсари дар Амрико тамриндида аз Тоҷикистон меистод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *