Полковники машҳур Сафаралӣ Гулов даргузашт

Узви раёсати Шӯрои собиқадорони ВКД Тоҷикистон, полковники мустаъфии милитсия Сафаралӣ Гулов рӯзи 19-уми июли соли 2022 баъди бемории тӯлонӣ, дар синни 82-солагӣ аз олам чашм пӯшид.

Шӯрои собиқадорони ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки намози ҷанозаи ин собиқадори милитсияи замони Тоҷикистони Шӯравӣ нимаи дуюми рӯзи 19-уми июл баргузор гашта, бегоҳии ҳамин рӯз марҳум дар оромгоҳи маҳаллаи Калинини пойтахт ба хок супурда шудааст.

Сафаралӣ Гулов соли 1940 ба дунё омада, соли 1964 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро хатм кардааст. Баробари хатми донишгоҳ ӯ ба сафи кормандони БДА пайваста, то ба мақомҳои баланди сардори БДА-и шаҳри Душанбе, вилоятҳои Хатлону Ленинобод (ҳоло Суғд) расидааст.

Шӯрои собиқадорони ВКД менависад, ки дар давраи кораш “дар миёни сокинони ҷумҳурӣ бо хизматҳои софдилона ва содиқонааш ба Ватан ном бароварда, садҳо мақола ва хабарҳояш дар саҳифаҳои матбуоти даврии ҷумҳурӣ, баромадҳояш дар шабакаҳои телевизионӣ дар ёди мардум боқӣ мондааст”.

Сафаралӣ Гулов соли 1992 ба нафақа рафт. Баъди нафақа ҳам полковник Гулов бекор нанишаст ва чанди сол дар мақомҳои раиси Иттиҳодияи кормандони соҳаи нақлиёти Тоҷикистон, директори кулли ҶСК «Мусофирбар» ва ҳамчун узви Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон кору фаъолият бурда, то рўзҳои охири ҳаёташ узви Раёсати Шӯрои собиқадорони ВКД ҶТ буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *