Помпео ба Пхенян омад, Трамп ба Сингапур меравад
Президенти ИМА Доналд Трамп хабар дод, ки мулоқоти ӯ бо Ким Чен Ун — раҳбари Кореяи Шимолӣ, рӯзи 12 май дар Сингапур баргузор мешавад.
Трамп рӯзи 10 май дар твиттер навишт, ки ҳарду раҳбар талош доранд ин дидору гуфтугӯ ба»таҳаввулоти махсус» барои сулҳ дар саросари ҷаҳон табдил шавад. Президентҳои пешинаи ИМА ҳеҷ гоҳ бо раҳбарони Кореяи Шимолӣ мулоқот накарда буданд. Доналд Трамп барномаи дидор бо Ким Чен Унро моҳи март эълон кард. Сингапур яке аз маконҳои эҳтимолии музокирот арзёбӣ мешуд.Президенти ИМА ҳамчунин гуфта буд, агар маълум шавад, ки талошҳои дипломатӣ муваффақ намешаванд,, мулоқотро лағв мекунад.9 май Котиби давлатии Амрико Майк Помпео барои омода кардани дидору гуфтугӯи Доналд Трамп бо Ким Чен Ун ба Пхенян омад. Дар ҷараёни ин сафар раҳбарони Кореяи Шимолӣ се шаҳрванди боздоштшудаи Амрикоро озод карданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ