Помпео Тоҷикистонро бо Чин баробар кард
Вазорати корҳои хориҷаи Амрико Тоҷикистон ва 9 кишвари дигарро ба далели саркӯбии доимӣ ва шадиди озодиҳои динӣ ба рӯйхатти сиёҳи давлатҳои мавриди нигаронии хос шомил кард. Тоҷикистон инак соли сеюм аст, ки дар ин рӯйхатти сиёҳи Амрико шомил мешавад.
Ӯзбекистон имсол ин рӯйхатро тарк кард ва ҳамроҳи Русия ба рӯйхатти дуюми давлатҳои зери назорат даромад. Амрико ҳамчунин созмонҳои ифротие, чун ДОИШ, ДОИШ-Хуросон, Толибон, Ал-Қоида, Боко Ҳарам, Аш-Шабоб ва Ҷабҳат-ун-Нусраро ба далели саркӯби озодии эътиқод ба рӯйхатти сиёҳи созмонҳои мавриди нигаронии хосаш шомил кардааст.Майкл Помпео, вазири хориҷаи Амрико рӯзи 11 декабр тасмимаш дар мавриди рӯйхатҳои сиёҳи давлатҳо ва созмонҳои саркӯбгари озодиҳои диниро эълон кард. Ин рӯйхатҳоро вазорати хориҷаи Амрико ҳар сол бар асоси гузориши солона ва тавсияҳои Комиссияи озодиҳои мазҳабии байналмилалии Амрико (USCIRF)рӯйхати кишварҳои мавриди нигаронии хосро тартиб медиҳад.Майкл Помпео дар изҳороте, ки дар сомонаи вазорати хориҷаи Амрико нашр шуд, гуфт: «Рӯзи 28 ноябри соли 2018 ман Бирма, Чин, Эритрея, Эрон, Кореяи шимолӣ, Покистон, Судон, Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон ва Туркманистонро бар асоси Қонуни соли 1998 «Дар бораи озодиҳои мазҳабии байналмилалӣ» барои иштирок ваё таҳаммул кардани «нақзи муназзам, доим (ва) шадиди озодиҳои динӣ» ҳамчун давлатҳои мавриди нигаронии хос муайян кардам. Ман ҳамчунин ҷазираҳои Комор, Русия ва Ӯзбекистонро барои иштирок ваё роҳ додан ба «нақзи ҷиддии озодиҳои динӣ» ба рӯйхати махсуси назоратӣ шомил кардам”.Помпео ҳамчунин мегӯяд: “ Ман Ҷабҳат-ан-Нусра, Ал-Қоидаи Арабистон, Ал-Қоида, Аш-Шабоб, Боко Ҳарам, ҳусиҳо, ДОИШ, ДОИШ-Хуросон ва Толибонро ҳамчун созмонҳои мавриди нигаронии хос таъйин кардам
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ