Пора барои таҳсил дар Хитой

Мавлянов Фарҳод Исроилович дар вазифаи омӯзгори кафедраи филологияи англисии Донишгоҳи Славянии Руссияву-Тоҷикистон кор карда, бо маслиҳати пешакӣ бо сардори амнияти дохилии филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар ш.Душанбе Носиров Нусратулло Холович, бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ бо мақсади ба даст даровардани даромади муфт барои ба Донишгоҳи давлатии Хитой дохил намудани Наҷмиддинов Еқубҷон Наҷмиддинович аз падараш Наҷмиддинов Наҷмиддин дар ду ҳолат маблағи 4000 доллари ИМА гирифта тасарруф намудаанд.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ

Мавлянов Фарҳод Исроилович ва Носиров Нусратулло Холович маблағи пулии бо роҳи фиреб гирифтаашонро ба миқдори 4000 доллари ИМА баргардонида маблағи зарарро талофӣ намуданд.

Вобаста ба ҳолати зикргардида нисбати Мавлянов Фарҳод Исроилович ва Носиров Нусратулло Холович бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои «б,в,г» КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

6 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *