Порлумони Узбакистон ҷойгузини Ислом Каримовро муайян мекунад
Бино ба иттилои Телевизиони Узбакистон, дар ҷаласаи имрӯзаи Порлумони ин кишвар номзади раисҷумҳури муввақатӣ тасдиқ мешавад.
Тибқи моддаи 96-и Конситутсияи Узбакистон раиси Маҷлиси миллӣ (Сената Олий Мажлиса) то 3 моҳ кишварро идора мекунад ва дар ин муддат бояд интихоботи Президентӣ баргузор карда шавад. Роҳбарии Маҷлиси миллии Узбакистон бар уҳдаи Неъматулло Юлдошев, вогузор шудааст.Неъматулло Юлдошев, 5-уми ноябри соли 1962 дар шаҳри Тошкент ба дунё омадааст. Соли 1985 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Узбакистонро хатм кардааст. Фаъолияташро ҳамчун муфаттиши Прокуратураи ноҳияи Юнусобод оғоз карда, дар Прокуратураи генералии Узбакистон фаъолияташро давом додааст. Баъдан Юлдошев дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Узбакистон ва сардори Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои андозӣ ва пулии ин кишвар кор кардааст.Моҳи июни соли 2011 ӯ вазири адлияи Узбакистон таин шуд. Моҳи январи соли 2015 бо фармони Ислом Каримов ӯ вакили Маҷлиси олии Узбакистон таъйин шуд. Моҳи феврали ҳамон сол вакилон ӯро раиси Маҷлиси олӣ интихоб карданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ