Посдории хотираи ҷанговарон дар Тоҷикистон
Дар иртибот ба оғози Ҷанги ҷаҳонии дуюм дар рӯзи 22 июн дар Душанбе ва шаҳрҳои дигари Тоҷикистон иқдоми “Хотира” баргузор шуд.
Дар иртибот ба оғози Ҷанги ҷаҳонии дуюм дар рӯзи 22 июн дар Душанбе ва шаҳрҳои дигари Тоҷикистон иқдоми “Хотира” баргузор шуд.
Дар ин иқдом кормандони Сафорати Русия дар Тоҷикистон, низомиёни пойгоҳи низомии 201, неруҳои марзбонӣ, гурӯҳи ихтиёрони “Хотира”, ҷанговарони интернасионалист ва донишҷӯёну мактаббачагон ширкат карданд.
Нахуст дар як ҳамоиш хотираи қурбониёни Ҷанги ҷаҳонии дуюм пос дошта шуда ва сипас, қабрҳои сарбозони номаълум, иштирокчиёни ҷанг, Қаҳрамонҳои Иттифоқи Шӯравӣ ва “Гулгашти шараф” поксозӣ шуд.
Дар набардҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар солҳои 1941-1945 беш аз 300 ҳазор марду зани Тоҷикистон ширкат карда ва 93 ҳаззор нафар ҳалок шуданд.
54 сокини Тоҷикистон барои корномаҳои бузурги ҷангӣ ба унвони олиии Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ сазовор шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ