Пошхӯрии оилаҳо. 4 сабаб ва 6 пешниҳод барои пешгирӣ

Яке аз масъалаҳои доғи имрӯза пошхӯрии оилаҳост. Аксар коршиносон сабаби афзоиши ин тамоюли риққатоварро тайёр набудани навхонадорон ба зиндагӣ, муҳити носолими хонаводагӣ, камбудиҳои маишӣ медонанд.

Банда ҳам чанд сабаби пошхӯрии оилаҳоро мушоҳида кардаам:

Якум, ҷавонон ба қавонини оладорӣ, вазифаю уҳдадориҳои шаҳрвандӣ ошно нестанд. Ин бошад, масъулияти шахсро дар назди ҷомеа дучанду сечанд мекунад.

Дуюм, дар муҳити оиладорӣ даст задан ба баҳсу низоъҳои ноҷо, ҳар гуна суханро ба ин хонавода ё хонаводаҳои дигар расонидан, худпарастӣ, чизу амволпарастӣ мебошад. Чунончи духтар арӯс шуда ба хонаи шавҳар меояд. Ӯ худро ба муҳити нав мутобиқу одат кунонида наметавонад, «ман духтари фалонӣ», «шумо баробари мо нестед» ва амсоли инҳо оқибати рахнаи зиндагии тинҷу осуда мегардад. Ё баръакс, чунин муносибатро тарафи шавҳар ба арӯс раво мебинанд.

Сеюм, сарчашмаи ҳамаи ин нобасомониҳо дар муҳити оилавӣ гиреҳ хӯрдааст. Волидон писар ё духтари хешро ба зиндагии дарпешистода омода карда наметавонанд. Кор то ҷое расидааст, ки бештар духтарон аз касбу корҳои миллии авлодӣ, аз қабили пухту паз, дӯхту дӯз, ороста кардани дастурхону меҳмондорӣ, сариштаи чорвою парандаи хонавода, дигар майда-чӯйдаҳои зиндагии ҳаррӯза намебароянд. Ба ҷавонписарон ҳам тарзи муошират, одобу рафтори хонадорӣ ва эҳсоси масъулият омӯзонида намешавад.

Чорум, сабаби пошхӯрии оилаҳо — ин дарднок ҳам бошад, муҳоҷирати меҳнатист. Дар ин сурат ҳам бори зиндагӣ ба дӯши зан афтода, муҳити манфии беруна ба ҷавонон хоҳу нохоҳ бетаъсир намемонад. Бо андак суханҳои дурӯғ ҳатто ҷавонон ба воситаи телефон ҳамсаронро талоқ медиҳанд…

Дар раванди пошхӯрии оилаҳо аз ҳама бештар кӯдакон зарар мебинанд. Тасаввур кунед, ки агар соле 1000 оила пош хӯрад ва онҳо аз 1 то 4 фарзанд дошта бошанд, соле то 4 ҳазор нафар кӯдакон нимятим, дар саргаҳи зиндагӣ беназорат, бетарбия, нимгурусна, побараҳна мемонанд.  

Барои пешгирӣ аз ин тамоюли номатлуб чанд пешниҳод дорам:

1. Бахшҳои ҷавонон, занон дар деҳаҳо, шаҳрҳо курсҳои ҳармоҳаи омӯзиши кадбонугӣ барои навхонадорон, барои наварӯсон ва расму русуми оиладорӣ барои мардон таъсис диҳанд. Дар онҳо барои машғулиятгузаронӣ занони солори ҳунарманд, омӯзгорони собиқадор ҷалб карда шаванд.

2. Сари ҳар чанд вақт дар деҳаҳо вохӯрии оилаҳои ҷавонро бо оилаҳои намунавӣ ташкил кардан ба мақсад мувофиқ аст.

3. Бо ходимони дини донишманд, таҷрибадор бо ҷавонони синну соли 20 то 30-сола суҳбатҳои таъсирноку босамар гузарондан низ аз манфиат холӣ нест.

4. Барномаи якҷои Кумитаи занон ва кор бо оилаи ҷумҳурӣ бо Кумитаи ҷавонон ва варзиш, Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон оид ба таълими асосҳои оиладорӣ, Кодекси оила, қонунҳои вобаста ба таълиму тарбия, маориф ва маъмурию ҷиноятиро дар синфҳои аз 7 то 11 ба роҳ мондан низ боиси беҳбудии кор аст.

5. Дар радио, телевизион, матбуот оид ба пошхӯрии оилаҳо, гунаҳгорони ин тамоюл, роҳҳои пойдории оила, роҳу воситаҳои тарбияи кӯдакон санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, оилаҳои намунавӣ намоишномаҳои тарбиявӣ, ҳуқуқӣ-маърифатӣ, ҳунаромӯзӣ (кадбонугӣ) таҳия кардан заруру ҳатмист.

6. Ба мисли Россия ва дигар кишварҳо дар Тоҷикистон ҳам вақти ақди никоҳ шартномаи байни зану шавҳар бастану қонунӣ кардан ҳам дар роҳи пойдории оила роли муҳим мебозад.

Нурулло ҲАСАНОВ,

рӯзноманигор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *