Пошхӯрии 4040 оила дар Суғд

 “Чорабинӣ”-ҳои масъулин  ва бенатиҷагии онҳо?

 Дар нишасти матбуотии Раёсати кор бо занони вилояти Суғд бештар ҳисоботи сардор аз баргузории чорабиниҳо буд.  Аммо  вохӯрӣ, чорабинӣ, насиҳаткунӣ ва дигар корҳое, ки дар 6 саҳифаи варақаи иттилоотии ин ниҳод оварда шудааст, оё тавонист пеши роҳи зиёдшавии саҳти ҷудошавии оилаҳоро бигирад?

 Бино ба гуфти Муқаддама Ҳошимзода, мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилояти Суғд,  соли 2017 дар вилоят 22045 никоҳ баста шуда,  4040 адади он бекор карда шуд. Инчунин, ки шумораи никоҳ 831 адад  ва теъдоди ҷудошавии оилаҳо нисбат ба соли 2016- 337 адад зиёд мебошад. Тамоюли болоравӣ доштани сатҳи оилавайронӣ дар минтақа дар ҳолест, ки  ҳам масъулини САҲШ ва ҳам Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД-и вилоят аз баргузор кардани қатор-қатор чорабиниҳову вохӯриҳояшон  ҳисобот медиҳанд.

 Насиҳатгар зиёду насиҳатшунав нест….

Нигорахон Ғаффорзода, сардори  Раёсати кор бо занон ва оилаи назди МИҲД-и вилояти Суғд оид ба корбариҳои раёсат баҳри пешгирии пошхӯрии оилаҳо гуфт:-Мо оид ба татбиқи Қонуни   Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи  Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020” ва дигар қонунҳои марбут ба масоили оилавӣ,   занону бонувон ва таълиму тарбияи фарзандон  силсилаи мулоқоту вохӯриҳо  дар минтақаҳои мухталифи вилоят гузаронидем. Ба монанди ташкили клуби модару падарон таҳти унвони “Фарзанди нек – орзую умеди нек”, маҳфилҳо бо номи “Насиҳат гӯш кун, ҷоно…”,  “Ҳар лаҳзаи зиндагӣ  панду насиҳат аст”,  мизи мудаввар   “Ҳифзи ҳуқуқи занон баҳри пешгирӣ аз зӯроварии хонаводагӣ” аз ҷумлаи онҳоянд. Зимни нишасти матбуотӣ  бештари ҳисоботи сардори Раёсати кор бо занон аз баргузории чорабиниҳо буд.  Аммо  вохӯрӣ, чорабинӣ, насиҳаткунӣ ва дигар корҳое, ки дар 6 саҳифаи варақаи иттилоотии ин ниҳод оварда шудааст, оё тавонист пеши роҳи зиёдшавии саҳти ҷудошавии оилаҳоро гирад? Оё “чорабинӣ”  ҷойи “корбарӣ”-ро гирифта метавонад? Магар фурсати он нарасидааст, ки усулҳои навро дар ин соҳа ҷорӣ ва корбариро танҳо бо қатор-қатор чорабиниҳое, ки “барои диду шунид” гузаронида мешаванд не, балки бо роҳҳои дигар ҷоннок  кард?  Охир дар сатҳи як вилоят пош хӯрдани 4040 оила (шояд аз он ҳам зиёд бошад, зеро ин пошхӯрӣ танҳо аз рӯйи барҳам хӯрдани никоҳи расмӣ ба қайд гирифта шудааст. Никоҳҳои мусулмоние, ки қатъ карда шудаанд, яқин аст дар омор нест) магар боиси нигронӣ нест?

Мақомоти милитсияи шаҳри Хуҷанд 84 оилаи  “ноустувор” – ро, ки дар онҳо гоҳ-гоҳ муноқишаву ҷанҷолҳо сар мезанад, ба қайд ва зери назорат гирифтааст. Манзура Муъминова, нозир оид ба пешгирӣ аз зӯроварӣ дар оила дар ШКД – и шаҳри Хуҷанд гуфт, ки хушунатҳои оилавӣ умдатан дар заминаи майзадагии шавҳар, талоши ҳавливу манзил, рашк, сахтии шароити зист, номуросоӣ байни аъзои оила сар мезанад. Ба қавли ӯ,  вақт ошкор ва таҳти назорат гирифтани оилаҳои ноустувор аз пайомадҳои вазнин ҷилавгирӣ хоҳад кард.

Ҳамаи худкушон магар бемори рӯҳианд?

Боз эроди мо сари қатор — қатор чорабиниҳову маҳфилҳо ва варақ- варақ ҳисоботи Раёсати кор бо занон аст. Агар ба омор нигоҳ кунем, танҳо дар давоми соли 2017 — 626 оила  маҳз бо сабаби муноқишаҳои оилавӣ барҳам хӯрдааст. Албатта, ин барҳамхӯрӣ ғайр аз ҷудоии зан шавҳар, ятиму нимятим мондани фарзандон, инчунин эҳтимолияти халалдор кардани хушбахтии дигар оилаҳоро  низ дар пай дорад. Зеро мисолҳо ва ҳодисаҳо зиёданд, ки баъди аз ҳамсари худ ҷудо шудан мард ба дигар зан ё духтар “чашм ало карда”, боиси халалдор кардани оромии он оила ва дар баъзе маврид пош хӯрдани он гардидааст.  Маҳз ҳамин ҷанҷолҳои оилавӣ боиси сар задани ҳодисаҳо нохуш мисоли куштор ё худкушӣ низ гардидааст. Масалан, дар вилояти Суғд давоми сол  аз ҷониби занон 81 адад  ҳолатҳои худкушӣ ва суиқасд ба он ба қайд гирифта шудааст. Таҳлилҳои мақомоти қудратӣ ва ҳам масъулини кор бо занон собит сохтааст, ки аксари  ин худкушию қасди худкушӣ маҳз бо сабаби ҷанҷоли оилавӣ ва вуҷуд доштани хушунат дар оила ба миён омадааст.  Пас то кай “худкушон”-ро девона ё бемории рӯҳӣ мегӯем?

“Гови бо гӯсола” магар соҳиб надорад?

 Дар Тоҷикистон  аз 1 — уми июли соли 2017 никоҳи хешу таборони наздик манъ гардид ва ҳамчунин гузаштан аз муоинаи тиббӣ барои ҷуфтхоҳон ҳатмӣ шуд. Ба ин маънӣ, моҳи январ ба Кодекси оила тайғироту иловаҳо ворид шуда буд. Муқаддама Ҳошимзода гуфт, ки соли 2017 пошхӯрии 27 оилаи никоҳи хешовандидошта  ба қайд гирифта шудааст, вале ба муҳлати зиндагии якҷояи ин оилаҳо аҳамият  диҳем,  ҳама оилаҳои пошхӯрда пеш аз татбиқи қонуни мазкур оила барпо карда будаанд. Яке аз чунин оилаҳое, ки дар натиҷаи никоҳу хешутаборӣ ҷудо шудааст,  Дилафрӯзи  26-сола мебошад. Ин духтар сокини деҳаи Шоҳони ноҳияи Деваштич буда, 6 сол пеш бо писари холааш оиладор шудааст. Ба гуфти  Дилафрӯз, замони ҳомила будан “марҳилаи ҳомилдорӣ” бисёр серхоб ва ба гуфти хушдоман ва дар як вақт холааш “танбал” шудааст. Аз ин рӯ бо тифли семоҳаи дар батнашбуда “барои ман ту барин келини хоболуд даркор не, ҳозир ба писарам духтари 14-соларо келин мекунам”, — гӯён хушдоманаш якбора бо бору ҷомааш ба хонаи падар оварда мепартояд. Ин духтар дар хонаи падар духтарчаашро ба дунё оварда, то ҳол номи  “бевагӣ”-ро бардошта гаштааст. Зеро ба гуфти ӯ “гови бо гӯсола”, — гӯён мардҳои беваи дар деҳаашбуда ӯро қабул надоранд.

Фарзона Муродӣ

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *