Пошхӯрии 4046 оила дар Суғд
Давоми соли 2018 дар вилояти Суғд 4046 оила пош хӯрдааст. Бино ба гуфти садори шӯъбаи Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ(САҲШ)-и вилояти Суғд Муқаддима Ҳошимзода , аз ин шумора 2578 адад бо қарори суди шаҳру ноҳияҳои вилоят сурат гирифтааст:
-Дар натиҷаи пошхӯрии ин оилаи 2893 нафар кӯдакон аз тарбия ва меҳру муҳаббати яке аз тарафҳо (падар ё модар) дур монданд. Инчунин 1431 адади сабти бекоркунии никоҳро дар шӯъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар ҳолати надоштани фарзандони ноболиғ ташкил медиҳад-афзуд Ҳошимзода.
Фарзона Муродӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ