Пошхурии оилаҳо: Никоҳи хешу таборӣ ё зӯроварӣ нисбати занон?

Дар  шаш моҳи соли 2019 дар қаламрави ҷумҳурӣ бо қарори суд  4404 ҳолати бекор кардани ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст.

“Заҳр” дар хонаи падар

“Дар синни 18- солагӣ волидонам маро ба шавҳар доданд. Аммо баъди 1 соли зиндагӣ бо кӯдаки 7- моҳаи дар батнам аз шавҳарам ҷудо шудам. 5 сол аст, ки дар хонаи падар “заҳр” мехӯрам, зеро ягон касбу ҳунар надорам, то зиндагиамро худам пеш барам”,- гуфт бо ашки шаш қатор Ойиша, сокини шаҳри Душанбе  дар идораи сомонаи “Тajikistantimes”.

Ашки чашмони зане, ки қиссаи мушкилоти зиндагӣ ва ҷудо шудан аз шавҳарашро дар ин синну соли ҷавонӣ ба мо нақл кард, водор сохт, ки ин мавзӯъро пайгирӣ намоем. Чаро сатҳи ҷудошавии оилаҳои ҷавон рӯз аз рӯз меафзояд? Ин саволест, ки ҷомеаи моро ба ташвиш овардааст, то ҳол мутахассисон роҳи ҳалли инро меҷӯянд.

 Ҳоло ҳам дар ҷомеаи демократии мо духтаронро зуд ба шавҳар медиҳанду онҳо бошанд, пас аз чанд моҳи оиладорӣ аз сабаби бетаҷрибагӣ ё ба ҳаёти мустақилона омода набудан аз ҳамдигар  зуд  ҷудо мешаванд. Ин аз беаҳмиятии волидон бошад, ки бо баҳонаи фарзанди зиёд доштан ва шароити иқтисодиашон онҳоро барвақт ба шавҳар медиҳанд. Мутахассисон ақида доранд, ки фоизи зиёди сабаби ҷудошавии оилаҳои ҷавон ин мувофиқ наомадан ба муҳити хонаи шавҳар ё бо аҳли хонавода созгор нагирифтани онҳо мебошад. Муҳити носолим низ   ба ҳолати рӯҳии аҳли хонавода таъсири ҷиддӣ мерасонад.

Мутаассифона,  солҳои охир ҷудошавии оилаҳо зиёд мушоҳида мешавад, ки дар бештари маврид ҷавонон баъди чанд моҳи зиндагӣ аз ҳам ҷудо мешаванд.

Пошхӯрии оилаҳо аз нигоҳи равоншинос

Маҳмудшоҳ Кабирӣ, равоншинос оид ба масоили ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва сатҳи пошхӯрии  оилаҳо дар кишвар чунин ибрози ақида намуд: “Пошхӯрии оилаҳо сабабҳои зиёд  дорад. Мутаассифона,  то ҳол мутахассисисон роҳи ҳалли онро меҷӯянд. Яке аз сабабҳои  пошхӯрии оилаҳои ҷавон ин барвақт ба шавҳар додани духтарон мебошад, зеро онҳо ҳоло дар ин синну сол ба оиладорӣ омода нестанд. Дар афкори мо ҳоло ҳам чунин ақидаҳое вуҷуд дорад, ки келинро баъди ба хонаи шавҳар омадан, ҳамчун “ғулом” истифода мебаранд.  Ба  ақидаи онҳо бояд тамоми хизмати хушдоманро келин ба анҷом расонад. Духтаре аз оилаи сарватманд келин шуда меояд, вале баъди чанд моҳи зиндагӣ аз сабаби мувофиқ наомадан ба муҳити хонаи шавҳар аз ҳам ҷудо мешаванд. Афсӯс, ки ҷавонон баъди ҷудо шудан,  баъд ба мо — равоншиносон муроҷиат мекунанд. Ҳатто баъзе аз онҳо баъди ҷудо шудан аз ҳамдигар ба ҳолати бади рӯҳиву равонӣ ва асабоният гирифтор мешаванд. Қаҳру ғазаб, кинаву нафрати хушдоман нисбати келин низ сабабгори ҷудошавии оилаҳои ҷавон мегардад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки 50 дар сади пошхӯрии оилаҳои ҷавон ин аз шароити иқтисодии онҳо мебошад”.

Тибқи маълумоти САҲШ-и ш. Душанбе,  дар 6 моҳи аввали  соли 2019 6065 ҳолати бекоршавии ақди никоҳ дар ҷумҳурӣ ба назар мерасад, ки ин 411 ҳолат нисбати 6 моҳи аввали соли 2018 зиёд мебошад.

Кумитаи занон чӣ мегӯяд?

Мадина Тошева, корманди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, ҷудошавии оилаҳои ҷавонро аз надоштани касбу ҳунар ва таҳсил дар байни  ҷавондухтарон медонад.

“Яке аз самтҳои асосии фаъолияти  Кумитаи кор бо занон ва оилаи  назди Ҳукумати Тоҷикистон ин пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон мебошад.  Масъалаи асосие, ки ҷомеаи моро ба ташвиш овардааст, ин никоҳи хешу таборӣ дар байни навҷавонон мебошад. Падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд нақши заруриро мебозанд, онҳо вазифадоранд, ки фарзандонашонро ба ҳаёти мустақилона омода кунанд. Духтаронро аввал соҳиби касб намоянд, то онҳо дар зиндагӣ азоб накашанд. Бештари муроҷиати занон ба кумита ҳангоме, ки шавҳар ба муҳоҷират меравад, мебошад. Онҳо мегӯянд, ки барои фарзандон маблағе намефиристанд ва  ҳама  мушкилии  бар души  занон худамон мебошад. Зеро  онҳо дар танҳоӣ аз уҳдаи ҳамаи мушкилоти зиндагӣ намебароянд.  Дар назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди  Ҳукумати ҶТ маркази захиравӣ оид ба  масъалаҳои  гендерӣ  ва пешгирии зӯроварӣ дар оила фаъолият менамояд, ки ҳуқуқшинос ва равоншиносони соҳибтаҷриба дар ин самт  кор мекунанд.” , – иброз намуд номбурда.

Бо вуҷуди ҳамаи ин сабабҳо волидон кӯшиш мекунанд, ки духтаронашонро зуд ба шавҳар диҳанд. Бояд барои таҳсил ва омӯхтани касбу ҳунари онҳо монеа пеш наоранд, то фардо онҳо дар  зиндагӣ дучори мушкилот нашаванд.

Таҳлилгарон зӯроварӣ дар оиларо низ  яке аз омилҳои дигари пош хӯрдани оилаҳои ҷавон ном мебаранд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки зӯроварӣ нисбати занон дар  6  моҳи аввали соли 2019 ба 352 адад расидааст, ки  ин дар муқоиса нисбати 6 моҳи соли гузашта  79 адад зиёд мебошад.

Ҷамилаи 21-сола, ки чанд моҳ пеш оиладор шудааст,  айни ҳол аз сабаби шиканҷа додан  аз тарафи  шавҳараш мехоҳад аз ӯ ҷудо шавад.

Тибқи маълумотҳои ҷамъомада, сатҳи ҷудошавии оилаҳои ҷавон дар кишвар рӯз аз рӯз дар ҳоли афзоиш қарор дорад. Ин оморҳое, ки дар боло зикр намудем, далели ин гуфтаҳост.

Ӯғулой Қутбиддинзода,

Ширин Тоҳирӣ,

“Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *