Постгоҳҳои Хоруғ бардошта намешаванд
Раиси вилояти Бадахшон Ёдгор Файзов дар посух ба талаби гурӯҳе аз сокинони шаҳри Хоруғ, ки субҳи 6 ноябр дар назди бинои ҳукумат ҷамъ омаданд ва хостанд, ки мақомот посгоҳҳои полисро аз шаҳр бардоранд, гуфт, «ин посгоҳҳо то замони таъмини волоияти қонун ва аз байн рафтани мошинҳои сиёҳшиша амал хоҳанд кард».
Ёдгор Файзов ҳамчунин гуфтааст, ки шикояти мардумро дар бораи тирпаронии шаби 4 ба 5 ноябр, ки дар он дасти кам як нафар захмӣ шудааст, ситоди байниидоравии амниятӣ мавриди омӯзиш қарор медиҳад.Ҳамчунин ӯ гуфт, ки посгоҳҳо ба ҳеҷ сурат бардошта намешаванд ва бо назардошти вазъи ҳассоси амниятӣ дар минтақа, будани ин посгоҳҳо дар шаҳр зарур аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ